Ҳабси пулчинаки хатсайри 45 барои кирдори зиддиҳуқуқӣ

Ҳабси пулчинаки хатсайри 45 барои кирдори зиддиҳуқуқӣ

  Новобаста аз чораҳои андешидашудаи мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ҷиҳати ба низоми намунавӣ мутобиқ намудани хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ ва аз байн бурдани дағалрафториву кирдорҳои зиддиҳуқуқии ронандагону пулчинак (кондуктор)-ҳои хатсайрҳо, мутаасифона боз ҳамарӯза мусофирони зиёде аз бадрафториву тарзи нодурусти хизматрасонии чунин ронандагону пулчинакҳо ба мақомоти милитсияи пойтахт шикоят мекунанд.
  Аз ҷумла як нафар зан, сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расми автомашинаи тамғаи «Мерседес Спринтер» рақамҳои қайди давлатиаш 9538ТТ01, хатсайри №45 аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуд, ки нисбати пулчинаки (кондуктор) ин воситаи нақлиёт чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои муроҷиаткунанда зимни қарор доштанаш дар истгоҳи охирини хастайри 45 пулчинаки автомашина нисбати ин зан дағалона рафтор намуда, ӯро дар назди дигар ронандагону шаҳрвандон мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор ва шаъну шарафашро дар назди ҷомеа паст намудааст.


  Дар доираи санҷиш муайян карда шуд, ки пулчинаки автомашинаи мазкур шаҳрванд Имомқулов Маҳмарасул Қурбонович санаи таваллудаш 16.04.1982, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, шаҳраки Сомониён буда, амали содирнамудаашонро тасдиқ ва аз кирдори зиддиҳуқуии содирнамудааш изҳори пушаймонӣ намуд.
  Вобаста ба ин нисбати пулчинак Имомқулов протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin