• Home »
  • ХАБАР »
  • Вайроннамоии реҷаи корӣ: ҳабси маъмури қаҳвахонаи «77»
Вайроннамоии реҷаи корӣ: ҳабси маъмури қаҳвахонаи «77»

Вайроннамоии реҷаи корӣ: ҳабси маъмури қаҳвахонаи «77»

  Риояи муқаррароти қонунгузорӣ ва талаботи шаҳрдорӣ оид ба реҷаи корӣ ба хотири пешгирии содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ роҳандозӣ гардида, мутаассифона на ҳама соҳибони нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ ин талаботро риоя мекунанд. Ҷиҳати таъмини иҷроиши талаботи мазкур кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ба таври ҳамешагӣ рейду амалиётҳои санҷиширо доир намуда, нафарони қонуншиканро ба ҷавобгарӣ ҷалб менамоянд.
  Гарчанде қабланд бо мақсади риояи реҷаи корӣ маъмури қаҳвахонаи «77» воқеъ дар кӯчаи Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Ҷаннатов Басир Эмомназарович, санаи таваллудаш 16.02.2002, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, ноҳияи Сино кӯчаи Испечак, аз ҷониби кормандони милитсия расман огоҳонида шуда бошад ҳам, аммо чуноне дар ҷараёни санҷиши навбатӣ муайян гардид, ки номбурда бар хилофи муқаррароти мавҷуда амал намуда, берун аз соати муайяншуда ба фаъолият машғул аст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҷаннатов Басир протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониб Суд нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin