• Home »
  • ХАБАР »
  • «Президенти Тоҷикистон – раҳнамои ҷавонон»
«Президенти Тоҷикистон – раҳнамои ҷавонон»

«Президенти Тоҷикистон – раҳнамои ҷавонон»

  Бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ШВКД-1 дар ноҳияи Сино семинар-машварати омӯзишӣ таҳти унвони «Президенти Тоҷикистон – раҳнамои ҷавонон» баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаи мазкур ҳамзамон муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ширкат намуданд.


  Чорабинии тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, подполковники милитсия Саидзода Шуҳрат Холмаҳмад бо қироати порчаи шеърии зерин оғоз намуд:
Маҳбуби ҷаҳониву ҳабиби Ватанӣ,
Бар ҷумлаи дардҳо табиби Ватанӣ.
Гуфт, ки «Ман аз баҳри Ватан мемирам»
Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби Ватанӣ.
Номбурда дар ҷараёни суханронӣ таъкид дошт, ки воқеан таҷлили Рӯзи Президент дар санаи 16-уми ноябр басо рамзӣ ва таърихӣ ба ҳисоб рафта, намунаи барҷастаи қадрдонӣ ва эҳтироми талошу заҳматҳои фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.


  Дар ҷараёни семинар-машварати мазкур, сардори шубачаи тафтишотии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино подполковники милитсия Мирзозода Мансур Ҳасан доир ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи «Президенти Тоҷикистон – раҳнамои ҷавонон» маърӯза намуд. Номбурда дар рафти суханронӣ зикр кард, ки Президенти кишвар пайваста зимни суханрониҳои худ ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва ба илму дониш фаро гирифтани ин қишри ояндасози давлату миллат таъкидҳо намуда, ҷавононро ба худшиносиву меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ даъват менамоянд.


  Ҳамзамон дар қисмати дигари чорабинӣ Қурбонзода У.М. – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки созиши миллӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагие, ки имрӯзҳо мардуми тоҷик доранд, бо шарофати иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардидааст. Аз ин ҷост, ки ин санаи муҳиму барои миллати тоҷик тақдирсоз, ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар саросари мамлакатамон ҷашн гирифта мешавад.


  Дар охир миёни маърӯзачиёну ширкаткунандагон саволу ҷавобҳо сурат гирифта, ҳар кадоме доир ба нақшу мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навини тоҷикон маълумотҳои муфассал ба даст оварданд.

Маркази матбуоти Рпёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin