• Home »
  • ХАБАР »
  • Семинар-машварати омӯзишӣ: «Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди далатдории навини тоҷикон»
Семинар-машварати омӯзишӣ: «Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди далатдории навини тоҷикон»

Семинар-машварати омӯзишӣ: «Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди далатдории навини тоҷикон»

  «Дар ҳар давру замон шахсиятҳое ба арсаи сиёсат меоянд, ки барои ояндаи он миллату давлат тақдирсоз мешаванд. Воқеан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик шахсияти тақдирсоз ба ҳисоб мераванд, зеро маҳз бо ташаббус ва заҳматҳову ҷоннисориҳои эшон имрӯз миллати тоҷик соҳиби давлати соҳибистиқололу мутамаддин мебошад»-қайд намуд дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Самиъзода Бахтиёр Салим зимни суханронӣ дар семинар-машварати омӯзишӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.


  Мавриди зикр аст, ки санаи 16-уми ноябр дар саҳифаи таърихи навини миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ба хотири гиромидошти ин санаи таърихӣ силсила чорабиниҳои омӯзишиву маърифатӣ баргузор карда мешавад. Бо ин мақсад баҳри таҷлили шоистаи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Раёсати ВКД дар ш. Душанбе низ семинар-машварати омӯзишӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон» доир гардид.
  Дар ҷаласаи мазкур роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Самиъзода Бахтиёр Салим иштирок ва суханронӣ намуданд.


  Нахуст муовини сардори раёсати ВКД дар ш. Душанбе полковники милитсия, Ҳабибов Сайфулло Абдуллоевич бо сухани ифтитоҳӣ семинар-машваратро оғоз бахшида, пиромуни талошу заҳматҳои шабоанрӯзӣ ва ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлолу мутамаддини тоҷикон ибрози андеша намуд. Чуноне номбурда таъкид дошт, воқеан Пешвои муаззами миллат дар замоне ба арсаи роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд, ки вазъи ниҳоят мураккаби сиёсию иҷтимоӣ – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ миллати тоҷикро домангир буд. Маҳз ҳама он аз худ гузаштанҳо, хиради азалӣ, сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи ин марди фозили миллати тоҷик буд, ки ҳама нерӯҳои мухолифро гирди як идеяи миллӣ ва давлатсозӣ ҷамъ намуда, дар бунёди Давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузоштанд.


  Дар қисмати дигари семинар-машварати мазкур Самиъзода Бахтиёр Салим корманди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди далатдории навини тоҷикон» маърӯзаи басо пурмуҳтаво ва ҷолибу оӯзанда намуда, марҳила ба марҳила аз ҷоннисориву иқдомҳои хирадмандонаву бунёдкоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.
  Дар охир миёни маърӯзачиёну ширкатдорони мулоқоти мазкур саволу ҷавобҳо сурат гирифта, ҳар кадоме ба худ ҷаҳонӣ маънӣ бардоштанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin