• Home »
  • ХАБАР »
  • Семинар машварати омӯзишӣ: Конститутсия кафолатдиҳандаи арзиши олии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он
Семинар машварати омӯзишӣ: Конститутсия кафолатдиҳандаи арзиши олии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он

Семинар машварати омӯзишӣ: Конститутсия кафолатдиҳандаи арзиши олии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он

  Ҳамасола ба муносбати таҷлили рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябр муқаррар гаштааст, дар саросари ҷумхурӣ баргузории чорабиниҳои илмию омӯзишӣ ва тантанавӣ ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла ҷиҳати омӯзиш ва бузургдошти ин дастоварди миллӣ дар ҷузъу томҳои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ як қатор семинар-машвартҳои илмию омӯзишӣ баргузор гардид.


  Чунончӣ дар Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Сино семинар-машварати илмию омӯзишӣ таҳти унвони «Конститутсия кафолатдиҳандаи арзиши олии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он», бо иштироки ҳайати шахсии Шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи мазкур доир гардид, ки иштирокдорон доир ба ҷамбаҳои гуногуни Конститутсия, аз қабили масири таърихии қабулу инкишофи меъёрҳои он, аҳамияти ҳуқуқию кафолатдиҳандагӣ ва такягоҳи боътимоду қавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани Конститутсияро мавриди баррасӣ ва шарҳу тавзеҳ қарор дода, донишҳои наверо баҳри худ касб намуданд.


  Дар ҷараёни баргузории семинар-машварати мазкур Сардори Шубачаи тафтишотии ШВКД-1 дар н. Сино подполковники милитсия Мирзозода Мансур Ҳасан иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин санади олии ҳуқуқие мебошад, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Ҳамзамон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва як қатор кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.

  Чуноне дар охир иштирокдорони семинари илмӣ иброз намуданд, бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард. Воқеан, Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin