• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Садамаи марговар бо айби ронандаи ширкати «Олуча Авто-7000»: марди 56 сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид!
Садамаи марговар бо айби ронандаи ширкати «Олуча Авто-7000»: марди 56 сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид!

Садамаи марговар бо айби ронандаи ширкати «Олуча Авто-7000»: марди 56 сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид!

  Нимаи дуюми рӯзи 29-уми ноябри соли ҷорӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Аксент» рақами қайди давлатиаш 9496ТТ05 Ҳакимов Фаридун Хурсандмуродович соли таваллудаш 27.12.1995, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ ба самти кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт, бо сабаби баланд будани суръати ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қаюмов Ҳусейн Қодирович соли таваллудаш 1965, ки аз қисмати рости роҳ ба чапи роҳ тавассути роҳи пиёдагузар (пешеход) мегузашт, пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард – марди 56 сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.


  Айни ҳол нисбати ронанда Ҳакимов Фаридун тибқи талаботи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ронанда дар ҳабси пешакӣ қарор ва нисбати ҳодисаи мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin