Озмун барои дарёфти беҳтарин навор ва расм!

Озмун барои дарёфти беҳтарин навор ва расм!

Муҳтарам шаҳрвандон!

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки бо мақсади тақвияти ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ нахустин «ОЗМУН»-и соҳавиро роҳандозӣ намояд.
  Барои иштирок дар «ОЗМУН» Шумо метавонед дилхоҳ кирдори зиддиҳуқуқӣ, ҳуқуқвайронкуниву ҳодисаҳои ҷиноятӣ, аз қабили муноқиша; бетартибӣ; озори лафзӣ ва паст задани шаъну шарафи инсон; вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва дигар тартиботи муқаррарнамудаи шаҳрдориро расм ва ё ба навор гирифта, тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмм бо навиштаҷоти «Барои ОЗМУН» ба рақами +99255 112 02 02 ва суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намоед.
Махфӣ будани шахсияти иштирокчиёни озмун кафолат дода шуда, барои ғолибони 3 ҷойи ифтихорӣ маблағи пулӣ муқаррар гардидааст. Аз ҷумла:

– барои ҷои аввал 5 ҳазор сомонӣ;
– барои ҷои дуюм 3 ҳазор сомонӣ;
– барои ҷои сеюм 2 ҳазор сомонӣ.

  Ҳамаи маводҳои барои озмун пешниҳодгардида аз ҷониби Комиссияи босалоҳият мавриди таҳлилу баррасӣ ва баҳогузорӣ қарор дода шуда, ба маводҳое (навору расм) бартарӣ дода мешаванд, ки хусусияти пешгирикунанда ва ошкорнамоии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дошта бошанд.
  Муҳлати қабули маводҳо барои «ОЗМУН» то 25 декабри соли 2021 муқаррар карда шуда, ғолибон дар арафаи Соли нави мелодӣ бо маблағҳои пулӣ ва дигар мукофотҳо қадршиносӣ карда мешаванд.

  Эзоҳ: эълони ғолибони озмун тариқи ВАО танҳо бо хоҳиши худи онҳо амалӣ карда мешавад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin