• Home »
  • ХАБАР »
  • Иқдоми инсонпарвар: шахсони бе ҷои зист соҳиби кор, ҷои хоб ва либоси гарми зимистона шуданд
Иқдоми инсонпарвар: шахсони бе ҷои зист соҳиби кор, ҷои хоб ва либоси гарми зимистона шуданд

Иқдоми инсонпарвар: шахсони бе ҷои зист соҳиби кор, ҷои хоб ва либоси гарми зимистона шуданд

  Имруз, санаи 23 ноябри соли ҷорӣ дар доираи баргузор намудани корҳои профилактикӣ аз ҷониби нозирони минтақавии милитсияи пойтахт дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати бартараф намудани оворагардӣ, муайян намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда ва бо ҷои кору зист таъмин намудани шахсони бе ҷои истиқомат 2 нафар чунин афрод муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.


  Дар натиҷа, бо баргузор намудани суҳбатҳои профилактикӣ муайян карда шуд, ки инҳо, шаҳрвандон:
Муҳиддинов Ҷурабек Илҳомович санаи таваллудаш 16.07.1972 зодаи шаҳри Душанбе;
Маҳмадназаров Аслиддин Раҷабович санаи таваллудаш 27.03.1998 зодаи ноҳияи Ёвон буда ҳардуи онҳо муддати чандин сол охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе бе макони зисти муайян зиндагӣ мекардаанд.


  Дар натиҷа бо дастгирии Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҳар ду шаҳрвандони бе ҷои истиқомат, дар Нозироти минтақавии “Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзилӣ”- №5-и ноҳияи Фирдавсӣ бо ҷои кор, музд ва макони будубош таъмин карда шуда, ҳамзамон ба онҳо либосҳои гарми зимистона ҳадя карда шуд.

 

Маркази матбуоти Раёсат ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin