Идомаи амалиёт: ошкорнамоии 8 ҳолати сиёҳшишаи ғайриқонунӣ

Идомаи амалиёт: ошкорнамоии 8 ҳолати сиёҳшишаи ғайриқонунӣ

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати танзими роҳҳои автомобилгарди пойтахт, ҳамлу нақли мусофирон, таъмини ҳаракати бехатари иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба таври ҳамешагӣ рейду амалиётҳои санҷишӣ доир намуда, ронандагони қонуншиканро муайян ва ба ҷавобгарӣ ҷалб менамояд.
  Махсусан баргузории амалиёти шартии «Тартиботи шабона», ки дар кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе дар қисмати шабона баргузор гардид, то андозае пеши роҳи қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ гирифта шуд. Вале ҳанӯз ҳам баъзе аз ронандагоне ҳастанд, ки тартиботро вайрон намуда, бо рақамҳои қайди давлатии бегона, бе иҷозатномаи сиёҳшиша ва ҳатто пурра бо плёнкаи сиёҳ рӯйпуш намудани қисмати пеши автомашина ба истилоҳи ҷавонон «напавал» воситаи нақлиёти худро идора мекунанд, ки милитсияи шаҳри Душанбе бо баргузории чунин чорабиниҳои профилактикӣ ин қабил қонуншиканиҳоро муайян намуд.
  Аз ҷумла зимни баргузории амалиёти мазкур дар марҳилаи навбатӣ танҳо дар як шаб, аз соати 20:00 то 23:00, маҷмуан 56 адад қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат, аз ҷумла 8 ҳолати бе иҷозатномаи сиёҳшиша ва 3-ҳолати бо рақамҳои қайди давлатии бегона идора намудани воситаи нақлиёт ошкор карда шуда, нисбати ронандагони қонуншикан тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Қодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб ва воситаҳои нақлиёт то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар майдончаҳои ҷаримавии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нигоҳ дошта шуданд.
Аз ҷумла, 8 ҳолати бе иҷозатномаи сиёҳшиша ва 3-ҳолати бо рақамҳои қайди давлатии бегона:

 Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемрӣ» рақами қайди давлатиаш 002 DD 01 шаҳрванд Иззатов Насимҷон Ғайратович, бе иҷозатномаи сиёҳшиша ва рақамҳои қайди давлатии бегона;


Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес» рақами давлатиаш 2000SQ01 шаҳрванд Тоҷиддинов Саидмуҳаммад Ҷамолиддинович, соҳибкор, бо рақамҳои қайди давлатии бегона;


Ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай» рақами давлатиаш 111ХО01 шаҳрванд Исмоилов Абубакр Абдукаримович, бо рақамҳои қайди давлатии бегона;


Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» рақами давлатиаш 0101DB01 шаҳрванд Бедимоғов Аслиддин Ҷалолиддинович, соҳибкор, бе иҷозатномаи сиёҳшиша;


Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» рақами давлатиаш 1188РХ01 шаҳрванд Маҳмудова Зарина Раҳимҷоновна, бе иҷозатномаи сиёҳшиша;


Ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА» рақами давлатиаш 6100QD01 шаҳрванд Сафарзода Шоҳрухи Ҷурақул, соҳибкор, бе иҷозатномаи сиёҳшиша;


Ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» рақами давлатиаш 1555ХА01 шаҳрванд Бобоев Алишер Азимович, соҳибкор, бе иҷозатномаи сиёҳшиша;

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия» рақами қайди давлатиаш 4444НО 01 шаҳрванд Добилов Диловар Раҳимҷонович, бе иҷозатномаи сиёҳшиша;


Ронандаи автомашинаи тамғаи «Шевролет» рақами транзитиаш Е1673К 01, рақами қайди давлатӣ мувофиқи шаҳодатномаи техникӣ 4499АР 01, шаҳрванд Раҳимов Ҳилолиддин динаев Амирҷон Бобохонович, бе иҷозатномаи сиёҳшиша;


Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемрӣ» рақами қайди давлатиаш 0725RX шаҳрванд Қурбонзода Маъруфҷони Акбар, бе иҷозатномаи сиёҳшиша ва рақамҳои қайди давлатии бегона;

Ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21014» рақами транзитиаш В8834НО 08 шаҳрванд Одинаев Амирҷон Бобохонович, бе иҷозатномаи сиёҳшиша;

 

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin