• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: Боздошту ҳабси 2 ронанда барои занозанӣ дар назди «Саховат»
Таҳқиқи навор: Боздошту ҳабси 2 ронанда барои занозанӣ дар назди «Саховат»

Таҳқиқи навор: Боздошту ҳабси 2 ронанда барои занозанӣ дар назди «Саховат»

  Санаи 15-уми ноябри соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати муноқиша ва вайрон намудани тартиботи ҷамъяитӣ аз ҷониби ду нафар ронандаи воситаи нақлиёт дар назди тавақкуфгоҳи бозори «Саховат» инъкос ёфтааст. Дар зимн шаҳрвандон аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе хоҳиш намудаанд, ки нисбати вайронкунандагони тартибот чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад.

  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, шахсияти ҳуқуқвайронкунандагон ошкор ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.


  Дар натиҷа муайян гардид, ки нафарони дар навор инъикосёфта шаҳрвандон Худоёров Орзу Раҷабалиевич санаи таваллудаш 31. 03. 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Лаваканд ва Ҳужумборов Неъматҷон Абдуҳақович санаи таваллудаш 02.02.1983, истиқоматкунандаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мебошанд.


  Зимни санҷиш ва пурсиш номбурдагон изҳор доштанд, ки дар ҳақиқат санаи 15-уми ноябри соли ҷорӣ тақрибан соати 11:30 дақиқа дар назди истгоҳи бозори «Саховат» байни ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳарду тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суд нисбаташон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд.
  Бо назардошти ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар ш. Душанбе аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки бо мушоҳидаи ҳамагуна қонуншиканӣ онро наворбардорӣ ва расм гирифта, ҷиҳати баррасӣ ба суроғаҳои электронии мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ирсол намоянд. Муроҷиатҳои Шумо зери назорати бевоситаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе қарор гирифта, мавриди баррасии фаврӣ ва ҳамаҷониба қарор дода мешаванд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin