• Home »
  • ХАБАР »
  • Барои роҳ додани ноболиғон: ҷаримабандии соҳибмулки маркази бозиҳои компютерӣ
Барои роҳ додани ноболиғон: ҷаримабандии соҳибмулки маркази бозиҳои компютерӣ

Барои роҳ додани ноболиғон: ҷаримабандии соҳибмулки маркази бозиҳои компютерӣ

  Машғул шудан ба бозиҳои компютерӣ ба рӯҳу равони наврасон, ки хуб инкишоф наёфтаанд, таъсири манфӣ мерасонад. Воқеаву ҳодисаҳои зиёде ба қайд гирифта шудаанд, ки маҳз дар натиҷаи шабгардӣ ва нофаҳмиҳои дар ҷараёни бозиҳои компютерӣ ба миёномада, рӯх додаанд.
  Вобаста ба пешгирии содиршавии чунин амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби Раёсати ВКД дар ш. Душанбе ҷиҳати монеъи воридшавии ноболиғон ҳамаи соҳибмулкони интернет-кафеҳо огоҳонида шудаанд. Вале ҳанӯз ҳам нафароне ҳастанд, ки танҳо ба хотири ба даст овардани маблағу даромад ноболиғонро ба марказҳои компютерӣ роҳ медиҳанд, ки ин хилофи муқаррароти қонунгузорист.
  Аз ҷумла дар ҷараёни амалиёти санҷишии навбатӣ дар нуқтаи бозиҳои компютерӣ воқеъ дар кӯчаи С.Шерозӣ, ки ба шаҳрванд Алмосов Шералӣ Сафаралиевич, санаи таваллудаш 21.04.2000, сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Шараф, донишҷӯи курси сеюми ДМТ, тааллуқ дорад, муайян карда шуд, ки наврасони зиёди машғули бозиҳои копютерии зарароваранд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Алмосов Шералӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд. Суд дар навбати худ нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 4-нишондиҳанда баро ҳисобҳо татбиқ намуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin