• Home »
  • ХАБАР »
  • Барои роҳ додани ноболиғон: ҷаримабандии соҳибмулки маркази бозиҳои компютерӣ
Барои роҳ додани ноболиғон: ҷаримабандии соҳибмулки маркази бозиҳои компютерӣ

Барои роҳ додани ноболиғон: ҷаримабандии соҳибмулки маркази бозиҳои компютерӣ

  Гарчанде борҳо соҳибмулкону маъмурони марказҳои компютерӣ, ҷиҳати роҳ надодани ноболиғон ба марказҳои бозиҳои компютерӣ огоҳонида шуда бошанд ҳам, вале боз нафароне ҳастанд, ки танҳо ба хотири ба даст овардани маблағу даромади муфт хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, наврасонро ба марказҳои компютерӣ роҳ медиҳанд.
  Аз ҷумла, дар натиҷаи баргузор намудани амалиёти навбатӣ муайян карда шуд, ки ноболиғони зиёде дар маркази бозиҳои компютерӣ воқеъ дар маҳаллаи Гулистони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе машғули бозиҳои зараровари компютерӣ мебошанд.
  Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки соҳибмулки маркази бозиҳои компютерии мазкур шаҳрванд Акрамов Баҳрулло Бароталиевич, санаи таваллудаш 04.03.1996, истиқоматкунандаи ш.Душанбе кӯчаи М.Назаршоев мебошад.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Акрамов Баҳрулло протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суди ноҳияи Шоҳмансур нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 180 сомонӣ таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin