• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Ҳабси пулчинаки дағалгуфтор ва ҷаримабандии ронанда барои фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ
Ҳабси пулчинаки дағалгуфтор ва ҷаримабандии ронанда барои фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ

Ҳабси пулчинаки дағалгуфтор ва ҷаримабандии ронанда барои фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ

  Як нафар истифодабарандаи шабакаи ичтимоии Фейсбук бо нашри расми автомашинаи тамғаи «Хундай Страекс» рақами қайди давлатиаш 5556 DA 01, мусофирбари хатсайри №28 аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, то нисбати пулчинаки (кондуктор) автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои муроҷиаткунанда, пулчинаки ин автомашина ҳангоми фаъолияти корӣ нисбати мусофирон дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кадааст.
  Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои санҷишӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян гардид, ки пулчинаки автомашина шаҳрванд Одинаев Манучеҳр соли таваллудаш 25. 09. 1998 сокини шаҳри Душанбе мебошад. Зимни пурсиш номбурда иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 28-уми октябри соли ҷорӣ ҳангоми ба мусофиркашонӣ машғул шудан, нисбати муроҷиаткунанда дағалона рафтор намуда, суханони қабеҳ гуфтааст, ки аз ин амали худ изҳори пушаймонӣ намуд.


  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ҳуқуқвайронкунанда Одинаев Манучеҳр протоколи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.
  Нисбати ронандаи автомашинаи мазкур бошад барои ғайриқонунӣ бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул шудан бо моддаи 510-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin