• Home »
  • ХАБАР »
  • Мусодираи 500 кг воситаҳои нашъадор ва боздошти гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб дар ҳудуди шаҳри Душанбе (видео)
Мусодираи 500 кг воситаҳои нашъадор ва боздошти гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб дар ҳудуди шаҳри Душанбе (видео)

Мусодираи 500 кг воситаҳои нашъадор ва боздошти гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб дар ҳудуди шаҳри Душанбе (видео)

  Гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ҳамчун ҷинояти муташаккили зиддиинсонӣ муаррифӣ гардида, онро қонунҳои милливу байналмилалӣ ҳамвора маҳкум менамоянд. Аз инҷост, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар хатти аввали муборизаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор дорад.
  Ошкору дастгирсозии якчанд гурӯҳҳои муташаккили нашъаллоб дар солҳои охир собит сохт, ки кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор таҷрибаи кофӣ пайдо намудаанд. Ин аст, ки ахиран боз фаъолияти пинҳонии як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе таҳти коркардҳои оперативӣ қарор дода шуда, дар натиҷа 6-нафар боздошт ва миқдори махсусан калон, наздики 500-кг воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфту мусодира карда шуданд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ чунин натиҷаи корӣ бесобиқа арзёбӣ мегардад.


Ин гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллиро як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон:
  Абдуллоев Азизулло Файзуллоевич, санаи таваллудаш 10.12.1975, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшон, соҳибкор, оиладор соҳиби 4 фарзанд, қаблан соли 2005 дар Федератсияи Россия бо моддаҳои 159 (қаллобӣ) ва 228 (муомилоти ғайриқонунии востаҳои нашъадор)-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Россия суд шудааст, таъсис дода, дар ҳайати он шаҳрвандони як қатор кишварҳои хориҷиро муттаҳид ва масири қочоқи воситаҳои нашъадорро то ба кишварҳои дури хориҷӣ расонидааст.


  Номбурда воситаҳои нашъадорро дар ҳаҷми махсусан калон тавассути аъзоёни дигари ин гурӯҳ аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, минбаъд тавассути кишварҳои ҳамсоя ба давлатҳои Аврупо интиқол медодааст.
  Дар натиҷа, кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ҷиҳати ошкору муайянсозии нафарони мусоидаткунанда ва интиқолдиҳандагони воситаҳои нашъадор маҷмӯи чорабиниҳои оператьивӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти калонҳаҷмро таҳия ва амалӣ намуда, аъзоёни ин гурӯҳи қочоқчиёнро дар ҳайати зерин дастгир намуданд.
– Содиқов Сиёвуш Мизробшоевич санаи таваллудаш 06.03.1998, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Қазоқон, оиладор, донишҷӯи курси 2-юми Факултаи Информатикаи Донишгоҳи «МИСИС»;


– Тулаганов Азамат Хушвақтович, санаи таваллудаш 27.05.1973, сокини вилояти Сурхондарё, шаҳри Термиз, қаблан дар Ҷумҳурии Узбекистон соли 2001 бо моддаҳои 148 қисми 2 (ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ) ва 273 қисми 5 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Узбекистон ба муҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст;


– Сабзқадамов Сорбон Муборакқадамович, санаи таваллудаш 23.03.1977, зода ва сокини ноҳияи Ванҷ, ҷамоати деҳоти М.Абдулло, деҳаи Рохавӣ, оиладор соҳиби 3 фарзанд;


– Саидшарипов Шамсулло Нусратуллоевич санаи таваллудаш 27.09.1984, зода ва сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Чортут. Номбурда аз соли 2019 инҷониб бо моддаи 200 қисми 4 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) ва 289 қисми 3 (қочоқ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман дар ҷустуҷӯи байналмиллалӣ қарор дорад;


-Саматов Бурон Алтибоевич санаи таваллудаш 03.10.1964, зода ва сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Гули-Бодом, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, таҳсилоташ олӣ, омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №151 ноҳияи Рудакӣ;


-Хуҷаев Мурод Буронович, санаи таваллудаш 07.02.1986, зода ва сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Гули-Бодом, оиладор, соҳиби 4 фарзанд;


  Дар маҷмуъ аз ин гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ наздики 500 киллограм воситаҳои нашъадор мусодира гардид, ки ин миқдор маводи мухаддир дар бозори сиёҳ зиёда аз 6 милион доллари амрикоӣ арзиш дорад.
  Дар идомаи пешбурди корҳои оперативию тафтишотӣ аз ин гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ:
– 6 адад автомашинаҳои гуногунтамға ва гаронарзиши хориҷӣ ба маблағи умумии 1 миллиону 784 ҳазор сомонӣ.
Махсусан аз худи роҳбари гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ Абдуллоев Азизулло маҷмуи моликияти зерин:
– 8-манзили истиқоматии боҳашамат ба маблағи умумии 15 миллиону 150 ҳазор сомонӣ, Аз ҷумла:
– 2 манзили баландошёнаи боҳашамат дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Зарафшон, хонаи 24 бо арзиши умумии 6 млн сомонӣ;
– 1 бустонсарои беруназшаҳрӣ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Кофарниҳон 76, дар масоҳати 2,2 гектар бо арзиши 5 млн сомонӣ;
– 6 адад хонаҳои истиқоматии 3 ва 4 ҳуҷрагӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо арзиши умумии 4 млн 150 ҳазор сомонӣ;
– 1 адад корхонаи истеҳсоли хишт воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Сарикиштӣ, деҳаи Ҳазора дар масоҳати 6 гектар бо арзиши наздики 1 млн сомонӣ;
– таваққуфгоҳи автомашинаҳо дар масохати 20 сотих бо арзиши наздики 1-млн сомонӣ, ба маблағи умумии 18-миллиону 330-ҳазор сомонӣ ҳамчун молу мулки бо роҳи ҷиноят ва аз ҳисоби фурӯши воситаҳои нашъадор бадастомада, ба ҳабси молумулкӣ гирифта шудаанд.
  Айни замон 6-нафар роҳбар ва аъзоёни ин гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ дастгир ва нисбати ҳамаи онҳо тибқи талаботи моддаҳои 200 қисми 4 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон аз ҷониби гуруҳи муташаккил) 289 қисми 5 (қочоқ) ва 262 (қонунигардонии молумулки бо роҳи ҷиноят ба дастомада)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чораҳо барои дастгиркунии 2 нафар аъзоёни фаъоли ин гуруҳ, ки барои ҳамдастӣ дар ҷустуҷу қарор дода шудаанд, идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin