• Home »
  • ХАБАР »
  • Амалиёти шартии «Корд»: Мусодираи 36-адад корду кастет ва дубинка
Амалиёти шартии «Корд»: Мусодираи 36-адад корду кастет ва дубинка

Амалиёти шартии «Корд»: Мусодираи 36-адад корду кастет ва дубинка

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе давоми 3-соли охир бо баргузор намудани амалиёти шартии «Корд» дар ҳудуди пойтахт ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Ин аст, ки тибқи маълумотҳои оморӣ содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифода аз силоҳи сард нисбат ба солҳои қабл коҳиш ёфтааст.
  Аммо чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд ҳанӯз бо худ гардонидани корду дигар намуд ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дар байни ҷавонону ноболиғон ба чашм мерасанд.Таҷрибаи тафтишотӣ собит намуд ки дар сурати бо худ гардонидани корд аз ҷониби ноболиғону ҷавонон ва пайдо гардидани оддитарин баҳсу муноқиша оқибат ба ҷиноятҳои вазнин, ҳатто то ба куштор оварда мерасонад.
  Бо мақсади пешгирӣ ва мусодираи он милитсияи шаҳри Душанбе амалиёти «Корд»-ро дар марҳилаи навбатӣ аз санаи 21-ум то 26-уми сенятбри соли ҷорӣ дар кӯчаю хиёбон, минтақаҳои хизматӣ ва мавзеъҳои ҷамъиятӣ баргузор намуд. Дар ин марҳила дар умум 36-нафар ҷавонону ноболиғон, ки бо худ корду кастет ва дигар намуд предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда доштанд муайян карда шуд, ки аз ин шумора 17-нафар ноболиғон ва 19-нафари дигарашро ҷавонон ташкил медиҳанд.
  Аз номбурдагон дар маҷмӯъ 26-адад кордҳои гуногунтамға, 6-адад кастет ва 4-адад чубдаст (дубинка) дарёфту мусодира карда шуданд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати 6-нафар ҳабси маъмурӣ ба муҳлатҳои аз 7-то 10 шабонарӯзӣ, нисбати волидайни ноболиғон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90-и КҲМ ҶТ, ва нисбати дигар бо Қарорҳои Суд ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шудаанд.
Аз ҷумла:
Назаров Шералӣ Сикандарович, санаи таваллудаш 07.02.1999, сокини ш. Душанбе кучаи Р. Набиев-адад кастет;


Ғиёсов Бахтиёр Азимович, санаи таваллудаш 12.12.1995, сокини ш. Душанбе кӯчаи Зарафшон-2, 1-адад корд;


Саидбурҳонов Манучеҳр Саидғаффорович, санаи таваллудаш 16.07.2002, сокини ш. Кӯлоб, ҷамоати Даҳана, Донишҷӯёи курси 2—юми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, 1-адад корд;


Юсупов Худойназар Саидмузаффарович, санаи таваллудаш 16.10.2000, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Ҳисор, фурушандаи Бозори «Кӯшониён», 1-адад корд.


Табаров Шодмон Абдурашидович, санаи таваллудаш 20.03.1989, сокини н. Рӯдакӣ ҷамоати Чоряккорон, фурӯшандаи бозори «Бале ҷавон», 1-адад корд;


Исмоилов Ҳасан Аслишоевич, санаи таваллудаш 17.04.1990, сокини ш. Душанбе кӯчаи Б.Ғафуров, қаблан бо моддаи 237 (авбошӣ) КҶ ҶТ суд шудааст, 1-адад корд;


Мирзомуддинов Худойдод Мирович, санаи таваллудаш 11.12.1994, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Қаротегин, 1-адад корд;


Саидов Умед Ҷунайдуллоевич, санаи таваллудаш 21.02.1989, сокини ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ деҳаи Чим-Теппа, 1-адад корд;


Насруллоев Толиб Исматуллоевич, санаи таваллудаш 22.09.1985, сокини ш. Душанбе н. Сино кӯчаи Ҳувайдулоев, қаблан бо моддаи 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) КҶ ҶТ суд шудааст, 1-адад корд;


Авғонов Сафаралӣ Муродов, санаи таваллудаш 29.05.2000, сокини ш. Душанбе н.Фирдавсӣ кӯчаи Якатут, 1-адад корд;


Муродов Бобоҷон Зафарович, санаи таваллудаш 01.07.2002, сокини ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ, кӯчаи Борбад, 1-адад кастет;


Раҳмонов Валиҷон Ҳасанович, санаи таваллудаш 31.10.2003, сокини ш. Душанбе, н. Сино, кӯчаи Саҳбо, 1-адад дубинка;


Шоҳсулаймонов Сафо Сафарович, санаи таваллудаш 1995, сокини ш. Душанбе кӯчаи Саноӣ, қаблан бо моддаи 237 (авбошӣ) КҶ ҶТ суд шудааст, 1-адад корд;


Ҳукуматов Вайсиддин Шамшерович, санаи таваллудаш 18.09.1995, сокини ш. Кӯлоб, кӯчаи Лохӯтӣ, 1-адад корд;


Кабутов Олимҷон Синоевич, санаи таваллудаш 13.03.2002, сокини н.Қубодиён, 1-адад корд;


Бобоқулов Зуҳриддин Ҷамолиддинович, санаи таваллудаш 23.05.1999, сокини н.Рудакӣ шаҳрваки Сомониён, 1-адад кастет;


Соҳибов Илҳом Абдураҳимович, санаи таваллудаш 01.01.200, сокини ш. Кӯлоб, 1-адад корд;


Абдуғаффори Абдулҳаким, санаи таваллудаш 25.08.2003, сокини ш. Кӯлоб, 1-адад корд;

Маҳмудов Бахтиёр Комилҷонович, санаи таваллудаш 11.07.1990, сокини ш. Душанбе кӯчаи Ҳилолӣ, 1-адад корд;

  Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тамоми калонсолон, падару модарон, масъулини мақомоти дар тарбияи ноболиғон манфиатдор ва омӯзгорон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки назорат ва таълиму тарбияро нисбати фарзандони худ пурзӯр намуда, нагузоранд то наврасону ноболиғон корду дигар намуд предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро бо худ гардонида, даст ба амалу кирдори ношоиста зананд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin