• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси роҳбар ва назоратчии маркази дилхушии «Шоми Хатлон” барои вайрон кардани тартиботи шабона
Ҳабси роҳбар ва назоратчии маркази дилхушии «Шоми Хатлон” барои вайрон кардани тартиботи шабона

Ҳабси роҳбар ва назоратчии маркази дилхушии «Шоми Хатлон” барои вайрон кардани тартиботи шабона

  Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҷиҳати риояи одоби шаҳрдорӣ, иҷрои қоидаю тартиби реҷаи корӣ ва халалдор насохтани оромии шаҳрвандон, мутаассифона ҳамоно ҳастанд баъзе аз роҳбарону кормандони марказҳои хизматрасонӣ, ки дидаю дониста муқаррароти мазкурро вайрон намуда, боиси озори шаҳрвандон дар қисмати шабона мегарданд.
  Чунончи санаи 18-уми августи соли ҷорӣ тақрибан соати 22:50 дақиқа масъулони тарабхонаи «Шоми Хатлон» воқеъ дар кӯчаи М. Қаландароваи ноҳияи Фирдавсӣ тартиботи реҷаи кориро дар вақти шабона вайрон намуда, берун аз вақти муқарраргардида фаъолияташонро идома додаанд. Ҳамзамон дар бевақтии шаб бо овози баланду гушхароши мусиқӣ ва дашному ҳақоратҳои мизоҷони худ оромии шаҳрвандону сокинонро халалдор ва тартиботи ҷамъиятиро дар вақти шабона вайрон намудаанд. Ин амали онҳо боиси норозигии шаҳрвандон гардида, новобаста аз огоҳӣ ва таъкиди кормандони милитсия ҷиҳати риояи талаботи шаҳрдорӣ ва иҷрои реҷаи корӣ маъмурияти ин маркази дилхушӣ ба фаъолияти ғайриқонунии худ идома додаанд.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрвандон:
Миров Ғолибҷон Маҳмадалиевич санаи таваллудаш 16.07.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Деҳотӣ, оиладор, соҳиби як фарзанд, роҳбари маркази дилхушии «Шоми Хатлон» воқеъ дар кӯчаи М. Қаландароваи ноҳияи Фирдавсӣ;


Шеров Сомон Назаралиевич санаи таваллудаш 01.05.1999, истиқоматкунандаи деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод, назоратчии маркази дилхушии мазкур протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд.


  Суд дар навбати худ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ҷиҳати батанзимдарории фаъолияти тарабхона аз рӯи талаботи қонунгузорӣ нисбати ҳар кадоми онҳо ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин намуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin