Таҳқиқи навор: Ҷаримабандии ронандаи «Ренҷровер» барои таваққуфи нодуруст

Таҳқиқи навор: Ҷаримабандии ронандаи «Ренҷровер» барои таваққуфи нодуруст

  Ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як қатор истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ наворе ирсол намуд, ки дар он ҳолати таваққуфи нодурусти автомашинаи тамғаи «Ренҷровер» рақамҳои қайди давлатиаш 6131 СС 03 дар роҳи автомобилгарди бозори «Корвон» инъикос ёфта, боиси банд гардидани роҳ ва тамбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт гардидааст. Ҳамзамон ин амали номбурда норозигии шаҳрвандону ронандагони дигар воситаҳои нақлиётро ба миён оварда, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ низ кирдори ғайриқонунии ӯро маҳкум ва аз мақомоти милитсия дархост намуданд, ки нисбати ронандаи воситаи нақлиёт чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.


  Дар натиҷаи баррасии муроҷиати мазкур муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи «Ренҷровер» шаҳрванд Алиев Исломиддин Тилабмуродович соли таваллудаш 1995 истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мебошад. Зимни санҷиш ваҷҳҳои дар навор инъиксоёфта тасдиқи худро ёфтанд ва автомашинаи мазкур ба ҷаримагоҳи муваққатии Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.


  Вобаста ба ин нисбати шаҳрванд Сулаймонов Бахтиёр барои таваққуфи нодуруст, ки боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт гардидааст, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин амали ғайриқонунӣ даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin