• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Ошкорнамоии 76 ҳолати бетартибиҳои шабона дар се соати амалиёти “Тартиботи шабона”: боздошти 19 воситаҳои нақлиёти гаронарзиш бо сиёҳшишаи ғайриқонунӣ
Ошкорнамоии 76 ҳолати бетартибиҳои шабона дар се соати амалиёти “Тартиботи шабона”: боздошти 19 воситаҳои нақлиёти гаронарзиш бо сиёҳшишаи ғайриқонунӣ

Ошкорнамоии 76 ҳолати бетартибиҳои шабона дар се соати амалиёти “Тартиботи шабона”: боздошти 19 воситаҳои нақлиёти гаронарзиш бо сиёҳшишаи ғайриқонунӣ

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати танзими роҳхои автомобилгарди пойтахт, ҳамлу нақли мусофирон, ҳаракати бехатари ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба таври ҳамешагӣ рейду амалиётҳои санҷишӣ доир намуда, ронандагони қонуншиканро муайян ва ба ҷавобгарӣ ҷалб менамояд.
  Махсусан баргузории амалиёти шартии «Тартиботи шабона», ки дар кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе ва назди ошхонаву тарабхонаҳо дар қисмати шабона баргузор гардид, то андозае пеши роҳи қоидавайронкунӣ ва бо овози баланду гушхарош халалдорсозии оромии шаҳрвандон гирифта шуд. Вале ҳанӯз ҳам баъзе аз ронандагоне ҳастанд, ки тартиботро вайрон намуда, бо овози баланди гушхарош, бо рақамҳои қайди давлатии бегона, бе иҷозатномаи сиёҳшиша ва ҳатто пурра бо плёнкаи сиёҳ рӯйпуш намудани қисмати пеши автомашина ба истилоҳи ҷавонон «Напавал» воситаи нақлиёти худро идора мекунанд, ки милитсияи шаҳри Душанбе бо баргузории чунин чорабиниҳои профилактикӣ ин қабил қонуншиканиҳоро муайян намуд.
  Аз ҷумла зимни баргузории амалиёти мазкур дар марҳилаи навбатӣ танҳо дар як шаб, аз соати 20 то 23, маҷмуан 76 адад қоидавайронкуниҳои дағали роҳ, аз қабили:
– 19-ҳолати бе иҷозатномаи сиёҳшиша идора намудани воситаи нақлиёт,
– 7-ҳолати бо рақамҳои қайди давлатии бегона идора намудан,
– 3-ҳолати насби таҷҳизоти садодиҳанда бо садои гушхарош;
– 1 далели дар ҳолати мастӣ идора намудани автомашина;
– 3 ҳолати бе рақами давлатӣ гаштугузор намудан ва
– 43 қоидаваронкуниҳои дигар дар самтҳои таваққуфи дуру дароз дар қатори дуюму сеюми роҳи мошингард, гузоштани авотомашина дар роҳравҳои барои пиёдагардон пешбинишуда ошкор гардида, автомашинаҳо то бартараф намудани камбудӣ ба ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.
Ҳолати нигаронкунандае, ки дар ҷараёни амалиёти мазкур ошкор гардид, ин ба пуррагӣ бо плёнкаи сиёҳ рӯйпӯш намудани қисмати пеши оинаи автомашина ба истилоҳи ҷавонон «Напавал» мебошад, ки ин амал аз як ҷиҳат дидашвандагиро ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт дар вақти шабона халалдор созад аз ҷониби дигар боиси ба миён омадани садамаҳои нохӯши нақлиётӣ мегардад. Дар ҷараёни ин амалиёт таваҷҷуҳи махсус ҷиҳати муайянсозии ин намуд қоидавайронкунӣ равона карда шуд.
  Гарчанде мувофиқи қонунгузорӣ барои бе иҷозатномаи сиёҳшиша идора намудани воситаи нақлиёт ҷазои маъмурӣ вазнин гардида бошад, ҳам ҳамоно баъзе аз шаҳрвандон махсусан ронандагони ҷавоне ҳастанд, ки маҳз ба хотири худнамоӣ ба ин қонуншиканӣ даст мезананд.
Аз ҷумла:
Ронандаи автомашинаҳои тамғаи «Ренҷ ровер» рақами транзитиаш С7224 Е07 шаҳрванд Саидов Суҳайлӣ тоҷири хариду фуруши автомашина;


Ронандаи автомашинаҳои тамғаи «Мерседес» рақами давлатиаш 1818 VV01 шаҳрванд Азамзода Абдулло тоҷири хариду фуруши автомашина;


Ронандаи автомашинаҳои тамғаи «Форд Мустанг» бо рақами давлатии 1966 GG 01 шаҳвранд Шарипов Бахтовар донишҷуи соли сеюми Факлутаи гумруки Донишгоҳи давлатии Москва;


Ронандаи автомашинаҳои тамғаи «БМВ» рақами қайди давлатии 010 ZU 01 шаҳрванд Саидов Фаридун соҳибкор;


Ронандаи автомашинаҳои тамғаи «Порше» рақами қайди давлатиаш 0007DD 01, Муборизи Қурбонмурод;

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус 570», рақами қайди транзитиаш С3965 E 07, Ҷалилов Суҳроб;


Ронандаи автомашинаҳои тамғаи «БМВ» рақами қайди давлатиаш 077 ММ 01, Раҳмонов Далер Абдураҳимович;


Ронандаи автомашинаҳои тамғаи «БМВ» рақами қайди давлатиаш 1000 JD 01, Ҷураев Саидаҳтам Анварович;

Ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ рақами қайди давлатиаш 0404 SS 01 Турсунов Алишер соҳибкор, роҳбари тарабхонаи Яккасарой;


Ронандаи автомашинаҳои тамғаи «Тайота Хайландер» рақами қайди давлатиаш 5050 SS 01, Сайфуллозода Баҳриддин;


Ронандаи автомашинаҳои тамғаи «Тайота Хайландер» рақами қайди транзитиаш E4261 E 01, Наимов Далер тоҷири хариду фуруши автомашина;


Ронандаи автомашинаҳои тамғаи «Тайёта Кемри» рақами қайди давлатиаш 1001 SМ 01, Раҷабов Сируш Абдулмаҷидович;


Ронандаи автомашинаҳои тамғаи «Мерседес Бенс» рақами қайди давлатиаш 2221 ВА 01, Исматов Хайём Иброҳимович;

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Аванте», рақами қайди транзитиаш E0276 E 01, Орипов Суҳроб Ҳайбуллоевич;

Ронандаи автомашинаҳои тамғаи «Мерседес» рақами қайди давлатиаш 0305 SS 01, Сайфуллозода Баҳриддин;


Ронандаи автомашинаҳои тамғаи «Опел Астра» рақами қайди давлатиаш 0405 ES 01, Худоиев Палла Назарович;


бе Иҷозатномаи сиёҳшиша ва ҳатто қисмати пеши оинаи автомашинаи худро ба пуррагӣ сиёҳ намуда, дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба сайру гашт машғул буданд, ки аз ҷониби гуруҳҳои рейдии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе боздошту муайян ва нисбаташон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳолатҳои қоидавайронкунӣ ба пуррагӣ бартараф карда шуданд.
  Ҳолатҳои нигаронкунандаи дигаре, ки дар ҷараёни амалиёти мазкур муайян гардид, ин дар хиёбони Рудакӣ, шоҳроҳи марказии пойтахт бо садои баланди гушхарош идора намудани воситаҳои нақлиёт ва таваққуфи автомашинаҳо дар қатори якуму дуюми роҳ аз ҷониби ҷавонон аст, ки ин амали номатлуби онҳо боиси коста гардидани симои пойтахт гардидааст.
Аз ҷумла:
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» рақами қайди давлатиаш 1994 UQ 01 шаҳрванд Хоҷаев Муҳаммадёсин, соҳибкори фуруши қисмҳои эҳтиётии автомашина;


Ронанади автомашинаи тамғаи «Мерседес-С-Класс» рақами давлатиаш 2222 ВО 01 Юсупов Аҳмад Абдунабиевич;

автомашинаи худро дар хиёбони марказӣ бо овози баланди гушхарош идора мекарданд, ки дар ҷараёни баргузории амалиёт боздошт гардиданд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки ин падидаи номатлуб бо мақсади худнамоӣ дар байни ҷавонон ба истилоҳ муд шуда, ҳар кадоме бо ин роҳ мехоҳанд бартарияти худро нисбат ба дигарон намоиш диҳанд. Дар натиҷаи ташхиси техникӣ муайян гардид, ки ин тоифа ронандагон дар дудбарои автомашина дастгоҳҳои иловагӣ насб намуаанд. Дар баъзеи дигар автомашинаҳо дастгоҳҳои танзимкунандаи садои автомашина ба истилоҳ катализаторо кушода гирифта, ба ин амали халалдоркунандаи тартибот оромии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд. Баъд аз ҷаримабандӣ ашёҳои ҳуқуқувайронкунии маъмурӣ ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шуданд.


    Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ таҷлили чорабаниҳои муҳимми сатҳи байналмиллалӣ ва ташрифи меҳмонони олиқадр ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҳар шаҳрванд махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёт риояӣ ҳатмӣ ва ҳамаҷонибаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ талаб карда мешавад. Ҳолатҳои мазкур ҳар яки моро водор месозад, ки нисбати амалу кирдорҳои номатлуб ва халалдоркунандаи тартиботу оромии шаҳрвандон ва фарҳангу маданияти шаҳрдорӣ бетараф набуда, ҷиҳати бартаф ва ислоҳи он сахми худро гузорем.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin