• Home »
  • ХАБАР »
  • Идомаи амалиёт: боздошту ҳабси роҳбарони марказҳои компютерӣ барои роҳ додани ноболиғон
Идомаи амалиёт: боздошту ҳабси роҳбарони марказҳои компютерӣ барои роҳ додани ноболиғон

Идомаи амалиёт: боздошту ҳабси роҳбарони марказҳои компютерӣ барои роҳ додани ноболиғон

  Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста рейду санҷиш ва сӯҳбату корҳои профилактикӣ миёни наврасону ноболиғон доир карда мешавад. Аз ҷумла, шабонарӯзи гузашта низ ҷиҳати пешгирии машғул шудан ба оворагардӣ ва дар вақти шабона ба марказҳои бозиҳои компютерӣ рафтани ноболиғон амалиётҳои профилактикӣ гузаронида шуд.
  Дар натиҷаи чорабиниҳои мақсадноки мазкур аз марказҳои бозиҳои компютерӣ дар як шаб 27-нафар ноболиғон, ки ба бозиҳои зараровари компютерӣ ва дар нимашаб ба беҳудагардӣ машғул буданд, муайяну ошкор ва ба Шуъбаҳои милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд. Қобили зикр аст, ки аз онҳо 11-нафар барои оворагардӣ ва 16-нафари дигар барои машғул шудан ба бозиҳои зараровари компютерӣ дастрас гардидаанд.
  Дар рафти баргузории санҷиши мазкур он ноболиғоне, ки дар торикии шаб беназорат машғули ҳар гуна амалҳои номатлуб буданд, падару модари онҳо ба мақомоти милитсияи пойтахт даъват шуда, нисбаташон тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
  Ҳамзамон нисбати як нафар соҳиби интернет-кафе, шаҳрванд Ҳакимов Ҳаким Зафарович санаи таваллудаш 13.09.2002, истиқоматкунандаи н. Сино, кӯчаи А. Ғуломов, ки қаблан ҷиҳати роҳ надодани ноболиғон ба нуқтаи компютерӣ аз ҷониби кормандони милитсия огоҳинома гирифта буд, барқасдона амал намуда, хилофи талаботҳои қонунгузорӣ бо мақсади ба даст овардани маблағ ноболиғонро иҷозаи воридшавӣ ба маракази компютерии худ додааст. Зимни амалиёти санҷишӣ ин кирдори ғайриқонунии номбурда ошкор гардида, нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд, ки дар натиҷа бо Қарори Суд нисбати шаҳрванд Ҳакимов Ҳақим ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.


  Инчунин нисбати чор нафар соҳибони марказҳои компютерӣ шаҳрвандон:
Амонов Аҳмадҷон Сарфарозович санаи таваллудаш 22.12.1999, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи М.Назаршоев соҳибмулки маркази бозиҳои комптерии бо номи «Бум» воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 106;


Неъматов Давлатҷон Алиҷонович санаи таваллудаш 18.10.1988, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ деҳаи Зафар;


Муминов Расул Саъдонович санаи таваллудаш 05.08.1990, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи А. Ҷомӣ;


Салоҳиддини Файзиддин санаи таваллудаш 20.07.1999, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ ҷамоати Сарикиштӣ деҳаи Конститутсия;


айнан барои содир намудани чунин кирдор нисбаташон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурии тартиб дода шуда, бо Қарорҳои суд ҷаримабандӣ қарда шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin