• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси соҳибмулки маркази компютерӣ барои роҳ додани ноболиғон
Ҳабси соҳибмулки маркази компютерӣ барои роҳ додани ноболиғон

Ҳабси соҳибмулки маркази компютерӣ барои роҳ додани ноболиғон

  Бо мақсади ошкор ва пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва оворагардию шабгардии ноболиғон дар ҳудуди пойтахт, кормандони Хадамоти огоҳонию пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста рейду амалиёт ва сӯҳбату корҳои профилактикӣ доир менамоянд.
  Аз ҷумла, шабонарӯзи гузашта ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои аз ҷониби наврасон машғул шудан ба оворагардӣ, дуд додани испанд, шустани нақлиёт дар ҷойҳои муқаррарнашуда ва ҷамъоварии маблағ дар нақлиёти мусофирбар, инчунин дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ, калян-бар, интернет-кафе, марказҳои компютерӣ ва толорҳои букмекерӣ ташриф овардани ноболиғон рейду санҷишҳо гузаронида шуд.
  Дар натиҷаи чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда шабонарӯзи гузашта 48-нафар ноболиғон, ки ба бозиҳои зараровари компютерӣ ва беҳудагардӣ дар вақти шабона машғул буданд, ба Шуъбаҳои милитсия дастрас гардиданд. Қобили зикр аст, ки аз онҳо 19-нафар барои оворагардӣ, 14-нафар барои машғул шудан ба бозиҳои зараровари комютерӣ ва боқимонда 15 нафар барои содирнамоии дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ  ба мақомоти милитсия дастрас гардиданд.
  Дар натиҷа волидайни онҳо ба мақомоти милитсия даъват карда шуда, нисбати онҳо тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
  Ҳамзамон дар рафти рейди мазкур нисбати як нафар маъмур (администратор)-и Интернет-кафе шаҳрванд Ибрагимов Муҳаммад Самадович санаи таваллудаш 06.01.1997, истиқоматкунандаи ш. Ваҳдат, деҳаи Даҳана, ки қаблан ҷиҳати роҳ додани ноболиғон ба нуқтаи компютерӣ нисбаташ маводи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои дар оянда роҳ надодани  ноболиғон аз ҷониби кормандони милитсия огоҳинома гирифта буд, барқасдона амал намуда, хилофи талаботҳои қонунгузорӣ бо мақсади ба даст овардани маблағ ноболиғонро иҷозаи воридшавӣ ба маракази компютерии худ додаст. Зимни амалиёти санҷишӣ ин кирдори ғайриқонунии номбурда ошкор гардида, нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.


  Инчунин, дар доираи рейди санҷишӣ нисбати ду нафар соҳибмулки марказҳои компютерӣ, шаҳрвандон:

Шарипов Рамазон Солеҳович, соли таваллудаш 15.02.1995, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Қаротегин;


Сафаров Беҳрӯз Исроилович, санаи таваллудаш 15.08.1992, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи С. Шерозӣ;


айнан барои содир намудани чунин кирдор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бинобар бори аввал содир намудани чунин кирдори зиддиҳуқуқӣ бо Қарорҳои суд ҷаримабандӣ қарда шуданд.
  Таъкид кардан ба маврид аст, ки волидайн ва он нафароне, ки дар таълиму тарбияи наврасон масъуланд, фарзандони худро нагузоранд то вақти пурқиммати худро сарфи амалу кирдори номатлуб кунанд, зеро маҳз ҷавонони бо илму маърифат метавонанд, дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin