Ҳабси пулчинаки дағалгуфтори хатсайри №55 аз рӯи муроҷиати дастаҷамъона

Ҳабси пулчинаки дағалгуфтори хатсайри №55 аз рӯи муроҷиати дастаҷамъона

  Як гурӯҳ шаҳрвандон, мусофирони хатсайри №55 (пештара №33) бо ирсоли навор аз расонаи иттилоотии Азия плюс дархост намуданд, ки мақомоти марбута вобаста ба амалкарди пулчинаки автомашинаи хатсайри мазкур, ки нисбати мусофирон дағалгуфторӣ намуда, онҳоро дар нимаи роҳ аз автомашина фароварда, то охири хатсайр набурдааст, чораҳои дахлдори қонунӣ андешанд.
  Зимнан, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли ин навор аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ даъват намудаанд, ки нисбати рафтори дағалонаи пулчинак баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

  Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ҷавони дар навор инъикосёфта шаҳрванд Одинаев Аъзам Абдусамадович санаи таваллудаш 14.07.1995., истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуд.


  Зимни таҳқиқи ҳодиса маълум гардид, ки номбурда санаи 26-уми июни соли ҷорӣ дар назди маркази савдои «Садбарг» аз дохили автомашинаи мусофиркашони ҷамъиятии хатсайри №55 бе сабабҳои узрнок мусофиронро фароварда, ҳамзамон бо суханони дағал нисбати мардум ва ҷомеа бадрафторӣ намудааст.
  Воқеан ин амали дастгиршуда Одинаев Аъзам ба беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ мансуб буда, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб ва аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансур ҷазо дар намудаи ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin