• Home »
  • ХАБАР »
  • Хушунати оилавӣ: ҳабси мард барои дашному ҳақорат ва латукӯби зан
Хушунати оилавӣ: ҳабси мард барои дашному ҳақорат ва латукӯби зан

Хушунати оилавӣ: ҳабси мард барои дашному ҳақорат ва латукӯби зан

  Дар асоси муроҷиати видеоии як нафар зан оиди пайваста рух додани муноқишаи оилавӣ дар ҳудуди оила кормандони милитсияи пойтахт маҷмуи чорабиниҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ гузаронида, омили асосии ба он мусоидаткунандаро муайян намуданд.


Зимни санҷиши навори ҳодисаи хушунати оилавӣ, ки ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ризоев Фарҳод Икромович санаи таваллудаш 06.07.1972, сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Деҳи боло дар манзили зисташ бо собиқ ҳамсараш, зани муроҷиаткунанда Ф.М., муноқиша намуда, охиронро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додааст.

  Бо назардошти кирдорҳои зиддиҳуқуқии содиргардида нисбати шаҳрванд Ризоев Фарҳод Икромович тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб ва нисбаташ бо Қарори Суд ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шудааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin