• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: ҳабси репсаро – “Navik-MC” барои кирдори зиддиҷамъиятӣ
Таҳқиқи навор: ҳабси репсаро – “Navik-MC” барои кирдори зиддиҷамъиятӣ

Таҳқиқи навор: ҳабси репсаро – “Navik-MC” барои кирдори зиддиҷамъиятӣ

  Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн гардид, ки дар он як ҳолати бетартибӣ ва кирдори дағали зиддиҷамъиятӣ, қасди аз ҷояш баркандани таҷҳизоти худкори бонкӣ аз ҷониби як нафар ҷавони 20-25 сола нашр гардид. Зимнан корбарону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навор аз милитсияи шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки навори мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати ин кирдори ғайриахлоқӣ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

   Дар натиҷа кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони дар навор инъикосёфтаро муайяну дастгир ва ба мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дастрас намуданд.
  Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Валиев Наврӯз Шарифович санаи таваллудаш 14.03.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Фирдавсӣ, оиладор соҳиби ду фарзанд, репсаро бо тахаллуси “Navik-MC” мебошад.


  Зимни санҷиши ҳодиса номбурда иброз дошт, ки санаи 25-уми июни соли ҷорӣ тақрибан соати 16:00 дақиқа бо мақсади гирифтани маблағ ба нуқтаи дастгоҳи худкори бонкӣ (бонкамат), ки ба ширкати «Душанбе Ситӣ» тааллуқ дорад, рафта, корти худро ба «бонкамат» ворид сохтааст, ки бо сабаби нуқсони техникӣ доштани дастгоҳ маблағ гирифта наметавонад. Аз ин ҳолат номбурда асабонӣ шуда, бо вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгоҳи худкори бонкиро аз ҷои насбшуда барканданӣ шуда, якчанд маротиба ба дастгоҳ зарба мезанад.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Валиев Наврӯз тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin