• Home »
  • ХАБАР »
  • Роҳнамоии кормандони ҷавон: Баъди хатми Академия 70 нафар дар милитсияи пойтахт ба кор таъмин гардиданд
Роҳнамоии кормандони ҷавон: Баъди хатми Академия 70 нафар дар милитсияи пойтахт ба кор таъмин гардиданд

Роҳнамоии кормандони ҷавон: Баъди хатми Академия 70 нафар дар милитсияи пойтахт ба кор таъмин гардиданд

  Дар бинои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мулоқоти сардори Раёсат генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо хатмкунандагони Академияи ВКД ҶТ, ки ҳамакунун ба фаъолияти корӣ дар мақомоти корҳои дохилии пойтахт оғоз намудаанд баргузор гардид.
  Зимни вохурӣ роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт кормандони ҷавонро ба риояи интизоми хизматӣ, қонуният ва иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматӣ, волоияти қонун ва садоқату дустодрии давлату миллати худ даъват намуда, таъкид дошт, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа вазифаи пуршарафу пурмасъулият буда, он ба дӯши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гаштааст. Вобаста ба ин аз ҳар як нафар корманди милитсия масъулияту сатҳи баланди иҷрои ӯхдадориҳои хизматӣ талаб карда мешавад.


  Чуноне дар ҷараёни мулоқот сардори милитсияи шаҳри Душанбе тазаккур дошт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи донишманду мутахассиси баландихтисос гардонидани ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ дода, дар ин самт як қатор барномаҳои давлатиро қабул намудааст. Махсусан бо мақсади ба кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон қабул ва ба роҳ мондани сиёсати кадрии ҷавонон шоистаи таҳсин буда, аз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон дарак медиҳад. Ин аст, ки Президенти кишвар пайваста зимни суханрониҳои худ ҷавононро ояндаи миллату давлат номида, онҳоро ба омӯзиши илму дониш талқин менамоянд.

  Дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ низ аксари кормандонро мутахассисони ҷавон ташкил дода, ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбӣ ва савияи донишу ҷаҳонбюинии онҳо аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Воқеан ҳамасола ҷавонони зиёде аз рӯи ихтисосҳои гуногун Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда, дар вазифаҳои пуршарафу пурмасъул ба фаъолияти корӣ шуруъ мекунанд.

  Имсол дар асоси Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 70-нафар хатмкунандагони Академияи ВКД ба вазифаҳои гуногуни пурмасъули милитсияи шаҳри Душанбе таъин гардида, ба фаъолияти корӣ оғоз намуданд.

Дар хотимаи мулоқоти мазкур Шариф Назарзода мутахассисони ҷавонро ба хушмумилагӣ ва иҷрои сатҳи баланди фаъолияти хизматӣ даъват намуда, таъкид дошт, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбӣ ба омӯзишу такмили илму дониш машғул шаванд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin