• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷинояткорӣ дар пойтахт 10,3% коҳиш ёфтааст: натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи милитсияи пойтахт
Ҷинояткорӣ дар пойтахт 10,3% коҳиш ёфтааст: натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи милитсияи пойтахт

Ҷинояткорӣ дар пойтахт 10,3% коҳиш ёфтааст: натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи милитсияи пойтахт

  Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти милитсияи пойтхат дар давраи нимсолаи аввали соли 2021 таҳти роҳбарии сардори Раёсат генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баргузор гардид. Дар машварати оперативӣ-хизматӣ роҳбарияти ҷузъу томҳои Раёсат ва Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
  Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти ҳар як Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он вобаста ба самтҳо ва уҳдадориҳои хизматӣ, иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва қарору протоколҳои ҷаласаҳои оперативӣ-хизматии назди Вазири корҳои дохилӣ, инчунин вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе баррасӣ ва натиҷагирӣ карда шуд.


Бояд тазаккур дод, ки кормандони милитсияи пойтахт фаъолияти шабонарӯзиро ҷиҳати таъмини тартиботи пурраи ҳуқуқӣ дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда, дар ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти мамлакат нақши калидӣ доранд.
  Зимни баргузории ҷаласа қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, таҳкими ҳамкории милитсия бо аҳолӣ, баррасии фаврии муроҷиатҳои электронии шаҳрвандон як қатор чорабиниҳои мақсаднок ва пешгирикунанда баргузор карда шуд, ки дар натиҷа ба кам гардидани шумораи ҷинояткорӣ дар ҳудуди пойтахт оварда расонид.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар давраи нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди пойтахт 1975 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3% коҳиш ёфтааст. Илова бар ин, дар ин давра дар ҳудуди пойтахт ҷиноятҳои вазнин низ ба андозаи 26,5% кам содир гардидааст.

Фоизи ошкорёбии ҷиноятҳо низ дар милитсияи пойтахт сол то сол сатҳи болоравӣ дошта, дар ин давра ба 93,9% расидааст, ки аз руи ошкорёбии ҷиноятҳо мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар миқёси ҷумҳурӣ дар мақоми аввал қарор дошта, баҳри ошкорнамоии боқимонда ҷиноятҳо ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи шаҳрвандон масъулин вазифадор карда шуданд.

Метавон гуфт, ки бо ошкору дастгир шудани нафарони ҷинояткор, хавфи онҳо бартараф карда шуда, амнияту бехатарии сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ба пуррагӣ таъмин гардиданд.

Тавре дар ҷаласа зикр гардид, вобаст намудани кормандони милитсияи пойтахт ба муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе, ташрифи кормандони милитсия ба муассисаҳои соҳаи маориф ва мулоқот бо муҳассилини муасссиаҳои олӣ, баргузории маҷмуи чорабиниҳои профилактикию пешгирикунанда, рейду амалиётҳои мақсаднок таҳти унвонҳои шартии “Корд”, “Наврас”, “Талбанда”, “Оворагард”, “Калян-бар” ва “Интернет-кафе” дар самти ноболигон ва ҷавонон низ ба коҳишёбии шиддати ҷинояткорӣ миёни ин қишри ояндасози ҷомеа оварда расонид. Аз ҷумла ҷиноятории ноболигон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба андозаи 20,75% ва ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ба андозаи 6,53% коҳиш ёфтааст. 

Дар ҷаласа ҳамчунин ба масъалаи баррасии фаврии муроҷиатҳои электронии шаҳрвандон диққати ҷиддӣ дода шуда, таъкид гардид, ки дар ин давра аз руи муроҷиатҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон тавассути сурогаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 36 ҷиноят, 496 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла 370 ҳуқуқвайронкунӣ дар самти БДА ошкору муайян карда шуд, масъулини мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар оянда низ ҷиҳати баррасии фаврӣ ва бечунучарои мурочиатҳои электронии шаҳрвандон тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ вазифадор карда шуданд.


  Дар машварати оперативӣ-хизматӣ ҳамчунин муовинони сардори Раёсат аз фаъолият ва натиҷаҳои хизматии худ, ҷиҳати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок ҳисобот доданд.
  Бо қаноатмандӣ аз фаъолияти милитсияи пойтахт, сардори Раёсат иброз дошт, ки ҷиҳати боз ҳам ба натиҷаҳои баланди хизматӣ ноил гардидан аз ҳар як корманди милитсия тақозо карда мешавад, то дар иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ монад.


  Ҳамзамон дар ҷараёни баргузории ҷаласаи мазкур сардори мақомоти милитсияи пойтахт бори дигар аз ҳайати шахсӣ даъват ба амал овард то дар муносибат бо шаҳрвандон, пешгирии амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон фаъолиятро ҷоннок намоянд. Дар ин замина баҳри боз ҳам дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ӯҳдадориҳои хизматӣ, пешгирӣ аз ҳамагуна амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ, ҳамзамон ободу зебо нигоҳ доштани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе сардори Раёсат ба роҳбарони ҷузъу томҳои милитсияи пойтахт як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.


  Дар қисмати дигари ҷаласаи мазкур, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи авали соли 2021, як қатор қарорҳо ва нақша-чорабиниҳои мушаххас барои амалигардонӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ қабул гардиданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin