• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси шахсе, ки худро “муфаттиш” муаррифӣ ва аз пардохти маблағи хӯрок саркашӣ намудааст
Ҳабси шахсе, ки худро “муфаттиш” муаррифӣ ва аз пардохти маблағи хӯрок саркашӣ намудааст

Ҳабси шахсе, ки худро “муфаттиш” муаррифӣ ва аз пардохти маблағи хӯрок саркашӣ намудааст

  Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он як нафар ҷавони тақрибан 25-30 сола инъикос ёфта, тибқи иттилои муаллифи навор ин ҷавон дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт истироҳат ва анвои гуногуни хурока ва машруботро истеъмол намудааст. Баъдан номбурда худро “муфаттиши РВКД дар шаҳри Душанбе” муаррифӣ намуда, аз пардохти он дар ҳаҷми зиёда аз 700 сомонӣ саркашӣ ва ҳамзамон тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, аз дохили тарабхона ғайб задааст. Баъди паҳн гардидани навор миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёди манфӣ ба вуҷуд омада, шаҳрвандон аз ингуна амалкарди “муфаттиши РВКД” изҳори шадиди нигаронӣ ва зимнан таҳқиқи қазияро аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намуда буданд.


  Вобаста ба таҳқиқи ҳолати мазкур бо супориши бевоситаи роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, шахсияти ҷавони дар навор инъикосёфта муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуд, ки номбурда дар асл муфаттиш набуда, қаллобе беш нест.

  Дар натиҷа муайян гардид, ки номбурда шаҳрванд Рустамов Тоҷиддин Бозорович санаи таваллудаш 12.07.1989, сокини деҳаи Лангарии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, оиладор соҳиби ду фарзанд мебошад.


  Зимни пурсиш номбурда тасдиқ намуд, ки санаи 27-уми июни соли ҷорӣ тақрибан соати 22:30 дақиқа ба маркази дилхушии «Зебои меҳр» воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе рафта, бар замми напардохтани маблағи хурока ва машруботи истеъмол кардааш, ҳамзамон бо соҳибмулки маркази дилхушӣ муноқиша ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати дастгиршуда Рустамов Тоҷиддин тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.


  Айни ҳол ҷиҳати муайян намудани дигар ҳолатҳои аз ҷониби номбурда содир гардидани кирдорҳои ғайриқонунӣ чорабиниҳои оперативӣ ҷараён дорад.

Маркази матуботи Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin