• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Қонуншикании нақлиёти мусофирбар: Ҷаримабандии ду ронанда ва як пулчинак дар паи муроҷиати шаҳрвандон
Қонуншикании нақлиёти мусофирбар: Ҷаримабандии  ду ронанда ва як пулчинак дар паи муроҷиати шаҳрвандон

Қонуншикании нақлиёти мусофирбар: Ҷаримабандии ду ронанда ва як пулчинак дар паи муроҷиати шаҳрвандон

  Ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бо одобу рафтор, муомилаю гуфтор ва тарзи дуруст идора намудани воситаи нақлиёт бояд намунаи ибрат ва аз дигар ронандагон фарқкунанда бошад. Вале ҳамарӯза мусофирони зиёде аз бадрафториву тарзи нодурусти хизматрасонии чунин ронандагон ба мақомоти милитсияи пойтахт шикоятҳо мекунанд.
  Аз ҷумла як нафар зан, сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расми автомашинаи тамғаи «Мерседес Спринтер» рақамҳои қайди давлатиаш 5074ТТ05, хатсайри №54 аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати ронанда ва пулчинаки (кондуктор) ин воситаи нақлиёт чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои муроҷиаткунанда зимни бо 3-фарзанди хурдсолаш ба ин автомашина нишастан, пулчинак ва ронанда барои кӯдакони хурдсолашро дар курсии холибуда шинонидан нисбати ин зан дағалона рафтор намуда, ба ӯ суханони қабеҳ гуфтаанд.
  Баъди санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи номбурда шаҳрванд Шамсов Сафаралӣ Ҳусайнович санаи таваллудаш 15.02.1974, истиқоматкунандаи кӯчаи Кӯҳдоман-11, ноҳияи Рӯдакӣ ва пулчинак шаҳрванд Абдусаидов Идибек Маҳмадсудурович санаи таваллудаш 28.08.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ буда, дар ҶДММ «Муҳаммадҷон-Д», хатсайри №54 фаъолият мекунанд, ки зимни пурсиш амали содирнамудаашонро тасдиқ ва изҳори пушаймонӣ карданд.
  Вобаста ба ин нисбати ҳарду ронанда ва пулчинак протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуданд.


  Ҳамзамон як нафар сокини дигари пойтахт бо ирсоли расми автомашинаи мусофирбари тамғаи «Мерседес Спринтер» рақамҳои қайди давлатиаш 0597ТТ09, хатсайри №15 иттилоъ дод, ки ронандаи автомашинаи мазкур бо суръати баланд атомашинаро идора намуда, ҳангоми бо кӯдаки хурдсол роҳро убур намудани муроҷиаткунанда ба аломати пиёдагард аҳамият надода, ҳолати садамавиро ба вуҷуд оварда, ҳамзамон ӯро мавриди озори лафзӣ қарор додааст.
  Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Исмоилов Шамсиддин Сангович санаи таваллудаш 28.03.1966, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Хуҷамбиёи боло, ронандаи ҶДММ «Маҳин» хатсайри №15 мебошад.


  Нисбати номбурда бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб ва ҷаримабандӣ карда шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин амал роҳ надодан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin