• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навори занозанӣ: 10-шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ
Таҳқиқи навори занозанӣ: 10-шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

Таҳқиқи навори занозанӣ: 10-шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Санаи 14-уми июни соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ навори муноқишаи ду ҷавон дар роҳи мошингард нашр гардид, ки номбурдагон оромии шаҳрвандонро халалдор сохта, бо ин кирдорашон тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиётро ба вуҷуд овардаанд. Ин амали онҳо боиси нагаронӣ ва вокуниши атрофиён гардида, корбарон дар зимн аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбати ҷавонони авбоши дар навор инъикосёфта чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.


  Вобаста ба ин, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои дахлдори операвтӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, дар муддати ҳамагӣ баъди 1-соати нашри навор нафарони гумонбар муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шудаанд.
Муайян гардид, ки инҳо шаҳрвандон:
Ҳалимов Меҳроб Султонмуродович санаи таваллудаш 07.06.1993, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский ронандаи автомашинаи мусофиркашони ширкати «Як таксӣ»;

 

Саидов Сайёд Ибодуллоевич 30.06.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ю.Вафо ронандаи ширкати «Оби Душанбе» мебошанд, ки бо ҳамдигар муноқиша кардаанд.

 

  Зимни пурсиши дастгиршудагон муайян гардид, ки онҳо санаи 13-уми июни соли ҷорӣ тақрибан соати 17:30 дақиқа ҳангоми дар кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе қарор доштанашон бо сабабҳои ночиз нахуст ҳамдигарро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, баъдан даст ба гиребон шудаву якдигарро зери лату куб қарор додаанд. Бо ин амалашон ҳар ду тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, боиси ҷамъшавии роҳгузарон ва озори шаҳрвандон гардидаанд.
  Вобаста ба ин нисбати ҳар ду ҳуқуқвайронкунанда: Ҳалимов Меҳроб ва Саидов Сайёд тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шуд. Суд дар навбати худ нисбати ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин намуд..

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin