Муроҷиати шаҳрванд: ҷаримабандии ронанда барои роҳ надодани пиёдагард

Муроҷиати шаҳрванд: ҷаримабандии ронанда барои роҳ надодани пиёдагард

  Дар баъзан маврид маҳз аз беэҳтиётӣ ва нодида гирифтани аломати танзимкунандаи пиёдараҳа ва чароғаки роҳнамо садамаҳои нохуши нақлиётӣ рух дода, боиси пахш намудану зарари ҷисмонӣ бардоштани пиёдагардон мегардад.
  Шаҳрвандон низ бо мушоҳидаи чунин қоидавайронкуниҳои дағали ронандагон онро наворбардорӣ ва расм гирифта ҷиҳати чораандешӣ ба суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол менамоянд.
  Аз ҷумла як нафар ҷавонзани сокини пойтахт бо ирсоли расми ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайёота-Камрӣ» рақами қайди давлатиаш 7566ТТ01 аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд то нисбати ронандаи мазкур чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт ба аломати танзимкунандаи пиёдараҳа аҳамият надода, муроҷиакунандаро, ки ҳамроҳи кӯдакони хурдсолаш роҳро аз гузаргоҳи пиёдараҳа (пешеход) убур мекард роҳ надода, ҳолати хатарноку садамавиро ба миён овардааст.


  Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Баҳриддини Абдулмумин санаи таваллудаш 26.07.1991 истиқоматкунандаи шаҳри душанбе буда, дар ширкати мусофиркашонии Як Такси фаъолият мекунад. 
  Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Баҳриддини Абдулмумин бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.

Маркази матуботи Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin