Таҳқиқи навор: Ҷаримабандии ронандаи «Лексус» барои таваққуфи нодуруст

Таҳқиқи навор: Ҷаримабандии ронандаи «Лексус» барои таваққуфи нодуруст

  Ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як нафар сокини пойтахт истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ наворе ирсол намуд, ки дар он ҳолати таваққуфи нодурусти автомашинаи тамғаи «Лексус» рақамҳои қайди давлатиаш 2777 МА 01 дар роҳи автомобилгарди бозори «Корвон» инъикос ёфта, боиси банд гардидани роҳ ва тамбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт гардидааст. Ҳамзамон ин амали номбурда норозигии шаҳрвандону ронандагони дигар воситаҳои нақлиётро ба миён оварда, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ низ кирдори ғайриқонунии ӯро маҳкум ва аз мақомоти милитсия дархост намуданд, ки нисбати ронандаи воситаи нақлиёт чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.


  Милитсияи пойтахт муроҷиати мазкурро ҳамаҷониба мавриди санҷиш қарор дода, ронандаи воситаи нақлиёти мазкурро муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
  Муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Сулаймонов Бахтиёр Меликович санаи таваллудаш 04. 08. 1967, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳи Варзоб мебошад. Зимни санҷиш ваҷҳҳои дар навор инъиксоёфта тасдиқи худро ёфтанд.


  Вобаста ба ин нисбати шаҳрванд Сулаймонов Бахтиёр барои таваққуфи нодуруст, ки боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт гардидааст, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин амали ғайриқонунӣ даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба ҳамаи он нафароне, ки худро бетараф нагирифта, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва бартараф намудани чунин қоидавайронкуниҳо саҳм мегузоранд ва ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ба мақомоти милитсия кумак мерасонанд изҳори минатдорӣ мнамояд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin