• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: корманди “вазорат” боздошт ва ба ҷавобгарӣ ҷалб гардид
Таҳқиқи навор: корманди “вазорат” боздошт ва ба ҷавобгарӣ ҷалб гардид

Таҳқиқи навор: корманди “вазорат” боздошт ва ба ҷавобгарӣ ҷалб гардид

  Дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби як нафар наврас бо дастпанҷа зарба задани марди дар курси хобидае инъикос ёфта, вокунишҳои зиёди манфии шаҳрвандонро ба миён овард. Зимнан, корбарону истифодабаранадагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки ин ҳолат мавриди санҷиш қарор дода шуда, нисбати кирдори наврасон баҳои қонунӣ дода шавад.
  Дар натиҷаи санҷиши навор аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян гардид, ки ин амал аз ҷониби ду нафар ноболиғон А.М. соли таваллудаш 01.09.2003 ва Р.Ш. соли таваллудаш 22.05.2003 хонандагони синфи 11 яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт содир шудааст. Сипас ҳар ду ноболиғ ва волидайнашон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.


  Зимни пурсиш номбурдагон изҳор доштанд, ки санаи 20-уми апрели соли ҷорӣ тахминан соати 12:40 дақиқа ҳангоми гаштугузор дар кӯчаи Н.Қарабоев, назди бозори «Саховат» марди дар курси хобидаро дида, байни худ маслиҳат карда, ноболиғ А.М. тавассути дастпанҷа як маротиба ба рӯи мард маезанад ва муқоваи шиноснамаашро нишон дода, худро корманди «вазорат» муаррифӣ мекунад. Ин ҳолатро рафиқаш ноболиғ Р.Ш. ба навор гирифта, тариқи саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудааст.
  Баъди пурра мавриди санҷиш қарор гирифтани навори мазкур бо назардошти он ки дар кирдори ноболиғон вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ дида мешавад, нисбати волидайнашон бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin