• Home »
  • Баромадҳо »
  • Дарси ватандӯстиву хештаншиносӣ: Мулоқоти судманд бо донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат
Дарси ватандӯстиву хештаншиносӣ: Мулоқоти судманд бо донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат

Дарси ватандӯстиву хештаншиносӣ: Мулоқоти судманд бо донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат

  Тайи чанд муддат аст, ки роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёну устодони донишгоҳу донишкадаҳои олии шаҳри Душанбе суҳбату мулоқоти судманд ва вохӯриҳои озоду ошкоро баргузор намуда истодааст.
  Чунин мулоқоти судманд дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат доир гардид. Дар ҷамъомад сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, ректори донишкада Асрорзода Убайдулло Саттор ва наздик ба 1000 нафар донишҷӯёну устодони Донишкадаи сайёҳӣ, сохибкорӣ ва хизмат ширкат намуданд.


  Зимни мулоқот сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, иброз дошт, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст. Вобаста ба ин ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу маърифатнокии ҷавонон ва соҳибкасб гаштани онҳо якчанд барномаҳои мушаххас дар самти дастгирии ҷавонон қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки метавонанд баҳри дастгирии онҳо заминаи мусоид фароҳам оваранд. Аз ин лиҳоз ҷавононро мебояд қарзи шаҳрвандии худро, ки маҳз таҳсили илму дониш ва саҳм гузоштан дар пешравии ҷомеа мебошад, иҷро намуда, бо амалу рафтори намунавии худ шоистаи таҳсин ва ифтихори волидайну миллати тоҷик гарданд.


  Зимни мулоқот Шариф Назарзода оид ба баланд бардоштани маърифати шаҳрнишиниву шаҳрдорӣ ва ободу зебо гардонидани муҳити атроф, саҳм гузоштан дар пешгириву ошкорнамоии амалу кирдорҳои номатлуб ва ба роҳ мондани ҳамкории зич бо мақомоти милитсия ибрози андеша намуда, аҳли нишастро даъват кард, ки худро бетараф нагирифта, ҷиҳати муборизаи беамон бо унсурҳои халалдоркунандаи тартибот бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намоянд. Зеро ҳифзи арзишҳои миллии фарҳангӣ, ваҳдату суботи ҷомеа ба донишу маърифат ва маданияту малакаи ҳар сокини пойтахт вобаста аст.


  Сардори мақомоти милитсияи пойтахт дар ҷараёни суханронии худ бо слайд-тасвирҳо ва пешниҳоди факту рақамҳои мушаххас аз рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва оқибатҳои нанговари даст задан ба амалу кирдорҳои номатлуб ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки вазифаи мақомоти милитсия ва ҳар шаҳрванди бедордил ин пеш аз ҳама пешгирии амалу кирдори номатлуб махсусан ҷинояту ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва маърифатнокии шаҳрвандон мебошад.


  Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон як қатор донишҷӯён низ фаъолона ширкат намуда, суханронӣ ва саволҳои ҷолиб пешниҳод намуданданд, ки аз ҷониби роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.
  Дар фарҷом аз ҷониби сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як катор донишҷӯёни фаъоли Донишкада, ки дар пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуб бо мақомоти милитсияи пойтахт ҳамкорӣ мекунанд бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin