• Home »
  • Баромадҳо »
  • Эҳсоси баланди дарси ватандӯстиву хештаншиносӣ дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорат
Эҳсоси баланди дарси ватандӯстиву хештаншиносӣ дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорат

Эҳсоси баланди дарси ватандӯстиву хештаншиносӣ дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорат

  – Ҷавонони соҳибилму заковатманди даврони истиқлол чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат саф ба сафу ҷон ба каф баҳри пешравию шукуфоӣ ва сулҳу амонии Ватани азизамон Тоҷикистон бо нерӯи созанда ва иродаи қавӣ пайваста талош меварзанд. Аз гуфтору кирдор ва нигоҳи самимонаи Шумо донишҷӯён аллакай аён аст, ки бо завқу шавқи беандоза ва меҳру самимияти бепоён баҳри ҳифзи ин марзу буми аҷдодӣ талош варзида, бо ахлоқу дониш ва ақлу заковати худ дар арсаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро муаррифигар хоҳед гашт, ин нуктаҳоро сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни мулоқоти озоду самимӣ бо ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иброз дошт.

  Қобили тазаккур аст, ки дар идомаи силсилавохуриҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимми Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мулоқоти навбатии роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он наздики 900-нафар ҳайати устодону донишҷӯён дар толори асосӣ ва ҳамзамон дар 3-толори дигари донишгоҳ, ки ба таври онлайнӣ тариқи алоқаи видео-конфронс ба толори асосӣ пайваст карда шуда буданд, ширкат намуданд.

  Зимни сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳи номбурда дотсент Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат иброз дошт, ки донишҷӯёни ин боргоҳи таълимии кишвар баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат талош намуда, ҷиҳати сайқал додани донишу маърифат ва ақлу заковати худ пайваста пайи донишандузӣ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи номбурда донишҷӯён ҳамеша дар чорабиниҳои муҳимми сиёсиву фарҳангӣ ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар фаъолона ширкат варзида, бо мақомоти корҳои дохилӣ низ баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд.


  Дар идомаи мулоқоти мазкур сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ ва таъкид намуд, ки воқеан донишҷӯёни ин боргоҳи таълимӣ нисбатан фаъол буда, бо ақлу заковат ва донишу маърифати худ фарқкунанда мебошанд. Ба таъкиди номбурда ҷиҳати гум накардани ин дастоварди таълимӣ ва боз ҳам баланд бардоштани обруву нуфузи донишгоҳ ва миллату давлати худ ҳар як нафар, махсусан донишҷӯён, ки вазифаи асосии онҳо аз худ намудани илму дониш аст, талош намоянд.
  Шариф Назарзода зимни шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Президенти кишвар яке аз нуктаҳои муҳимми суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос оварда таъкид намуд: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

  Дар мулоқот таъкид гардид, ки барои насли ояндаи миллати худ боқӣ гузоштани як мулки ободу зебо ва тинҷу ором ҳар як нафар бояд бо дарки баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ саъй намояд. Зеро маҳз насли бо илму дониш ва заковатманд дар устуворгардонии пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва ободу зебогардонии ватан метавонад саҳмгузор бошанд.


  Устодону донишҷӯён низ дар рафти мулоқоти мазкур фаъолона ширкат намуда, саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои судманд ироа намуданд. Аз ҷумла омӯзгори ҷавон номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳомидов Абдуалим иброз дошт, ки имрӯз баҳри ҷавонони даврони соҳибистиқлол тамоми шароитҳои лозимаи таҳсил фароҳам гаштаааст ва ҷавонону донишҷӯёнро мебояд танҳо ба илму дониш рӯ оваранду таҳсил намоянд. Вақти пурқиммати худро ба беҳудагрдию шабгардӣ, рафтан ба маконҳои нолозиму машғули амалу кирдорҳои ношоям сипарӣ накунанд. Бо ҷасуриву мардонагӣ ва андешаи солиму зиракӣ баҳри созандагии миллату давлати худ саҳмгузор бошанд.


  Шукурова Тахмина яке аз донишҷӯёни дигари фаъоли донишгоҳи мазкур суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҷавонон сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллатро пуштибонӣ намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани он пайваста кӯшиш хоҳанд кард. – Бо хонишу дониш ва ақлу заковати худ пайравони асили Пешвои миллат будани худро исбот хоҳем кард- иброз дошт номбурда.


  Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии пойтахт ҳамаи он нафароне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб худро бетараф нагирифта саҳм мегузоранд, қадршиносӣ карда мешаванд. Дар поёни вохурии мазкур низ ба як қатор донишҷӯёни фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin