• Home »
  • Баромадҳо »
  • Суҳбату мулоқоти судманд бо донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
Суҳбату мулоқоти судманд бо донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Суҳбату мулоқоти судманд бо донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

  Имрӯз дар толори Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев мулоқоту суҳбати озоду ошкорои навбатии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимми Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он наздики 1000-нафар устодону донишҷӯён ширкат намуданд.

  Сардори мақомоти милитсияи пойтахт зимни шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат таъкид намуд, ки имрӯз дар руҳияи ватандориву меҳанпарастӣ ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли ҷавон, андӯхтани илму дониш ва соҳибкасбу тахассус шудани ин насли ояндасози миллат мавриди таваҷҷӯҳи хосаи роҳбарияти олии кишвар қарор гирифта, ҷиҳати ба китобхониву дӯстдории китоб ҷалб намудани ҷавононон бо қабули барнома ва стратегиҳояи давлатӣ корҳои назаррасе анҷом дода шудаанд. Ин ҳама шароитҳои мусоид ва дастгириву раҳнамоиҳои роҳбари давлат аз ҳар як ҷавони бедордилу соҳибмаърифат талаб карда мешавад, ки беш аз пеш вақти пурқиммати худро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ сипарӣ намуда, бо донишу маърифати худ дар бунёди ҷомеаи ободу пешрафта ва солим саҳмгузор бошанд.

  Дар идомаи мулоқоти мазкур Шариф Назарзода бо слайд-тасвирҳо аз рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти милитсияи пойтахт суханронӣ ва таҳлили ҳамаҷониба намуда, донишҷӯён аз вазъи имрӯза ва равандҳои хатарзои ҷаҳони муосир, роҳҳои пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, мубориза зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар кирдорҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ огоҳӣ пайдо намуданд. Қобили тазаккур аст, ки баргузории чунин мулоқоту суҳбатҳои озоду ошкоро бо овардани факту рақамҳои мушаххас, эҳсоси ватандориву меҳанпарастии ҷавононро бедор намуда, дар ҳифзи арзишҳои миливу фарҳангӣ, устувор нигоҳдоштани пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву маънавии ҷавонон мусоидат хоҳанд кард.

  Чуноне дар мулоқоти мазкур таъкид гардид, танҳо насли донишманду босавод, дорои фарҳангу маданияти воло ва зираку ҳушёр метавонад дар замони муосири ҷаҳонишавӣ давлату миллати худро аз хатарҳои имрӯза ҳифз намуда, баҳри рушду нумӯъ ва ободу зебо гардонидани он бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ саҳм гузоранд. Ин аст, ки пайваста Пешвои муаззами миллат ба нерӯи созандаву бунёдкоронаи ҷавонон такя намуда, ҷавононро насли ояндасози давлату миллат унвон кардаанд.


  Дар қисмати дигари мулоқот донишҷӯёну устодон низ фаъолона ширкат намуда, суханронӣ ва пешниҳодҳои муфид ироа намуданд.
  Дар охир як қатор донишҷӯёни фаъол, ки ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа саҳм мегузоранд ва бо мақомоти милитсияи пойтахт дар иртиботанд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin