• Home »
  • Баромадҳо »
  • Ҷомеа дар ҳар давру замон ба мутахассисони варзида ниёз дошту дорад: Мулоқоти самимӣ ва суҳбати озоду ошкоро бо донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
Ҷомеа дар ҳар давру замон ба мутахассисони варзида ниёз дошту дорад: Мулоқоти самимӣ ва суҳбати озоду ошкоро бо донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон

Ҷомеа дар ҳар давру замон ба мутахассисони варзида ниёз дошту дорад: Мулоқоти самимӣ ва суҳбати озоду ошкоро бо донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон

  Чуноне қаблан иттилоъ дода будем мақомоти милитсияи пойтахт ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилавохуриву мулоқотҳои судмандро бо муҳассилини макотиби олии кишвар роҳандозӣ намудааст. Дар доираи ин нақша-чорабинӣ мулоқоту суҳбати озоду ошкорои навбатии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 600-нафар донишҷӯёну устодон ширкат варзиданд.


  Ҷило Гулназарзода ректори донишкадаи мазкур чорабиниро ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамасола ба мардуми шарафманди кишвар ироа гардида, он тамоми самтҳои афзалиятноку фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятиро дарбар гирифта, ҳамчун санади тақдирсозу раҳнамунсоз ба ҳисоб меравад. Ба иттилои номбурда ҳайати устодони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани кадрҳои баландихтисосу забондон, ки донистани забонҳои хориҷӣ аз таъкидҳои ҳамешагии Пешвои муаззами мииллат бармеоянд, кӯшиши ҳамаҷонибаро ба роҳ мондаанд.


  Дар идомаи чорабинӣ сардори мақомоти милитсия пойтахт генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон доир ба мавзуҳои мубрами ҷомеа ва нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза ва суханронии ҷолибу пурмуҳтавое намуд. Ба таъкиди номбурда, воқеан дар замони муосири пешрафти илму техника ва бархурди тамаддунҳо донистани забонҳои хориҷивӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани дастовардҳои давлату миллати худ, ҳифзи арзишҳои фарҳангиву маданӣ дар раванди чолишҳои ҷаҳонишавӣ масъалаҳои басо муҳим ба шумор меравад. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар баромаду суханрониҳои худ ҷавононро ба донистану омухтани забонҳои хориҷӣ ташвиқ менамоянд.
  Шариф Назарзода дар ҷараёни мулоқоти мазкур ҷиҳати баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, эҳсоси меҳанпарастиву ватандорӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ суханронӣ намуда, ҷавононро даъват намуд, ки пайи таҳсилу омӯзиш ва аз худ намудани забонҳои гуногуни хориҷӣ кӯшиш намоянд. Зеро дар замони муосир бо донистани забонҳои хориҷӣ имкониятҳои нав ба нави фаъолияти меҳнатӣ ва шароитҳои хуби корӣ фароҳам гашта, ба рӯйи нафари забондон дарҳои гуногун кушода хоҳад гашт.


  Ҳамчунин сардори мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе ҷихати амалишавии як қатор барномаву стратегияҳои давлатӣ, ки дар коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонону ноболиғон мусоидат намудааст, бо овардани факту рақамҳои мушаххас аз рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ бо слайд-тасвирҳо суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки милитсияи пойтахт талош меварзад то ин сулҳу суббот ва тинҷиву оромӣ нигоҳ дошта шуда, сокинону меҳмонони пойтахт дар фазои осудаҳолӣ зиндагонӣ намоянд. Дар ин раванд баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву маданияти шаҳрнишинӣ, риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии амалу ирдорҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ба таври доимӣ рейду амалиётҳои профилактикиву корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
  Номбурда дар идомаи суханронии худ ба ҳамаи он нафароне, ки худро бетараф нагирифта, ҷиҳати ошкору пешгирии қонуншиканиҳо бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намуда, дар алоқаи зич қарор доранд, изҳори миннатдорӣ ва таҳсин намуд.


  Дар навбати худ як қатор устодону донишҷӯён ба таври фаъолона суханронӣ ва ибрози андеша намуда, таъкид доштанд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати оқилонаву хирадмандони ҳукумати кишвар ҷаҳду талош намуда, баҳри соҳикасбу тахассус ва забондону ҷаҳоншинос гаштан ба таври шабонарӯзӣ ба таҳсилу хондани китоб машғул мешаванд.
  Дар поении мулоқоти мазкур аз ҷониби сардори Раёсати ВКД дар ш. Душанбе як қатор донишҷӯёни фаъол бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin