• Home »
  • Баромадҳо »
  • Баррасии масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбия ва тақвияти ҳамкориҳо дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
Баррасии масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбия ва тақвияти ҳамкориҳо дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Баррасии масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбия ва тақвияти ҳамкориҳо дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

  Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи силсилавохуриҳо имрӯз (02.03.2021) дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ мулоқоти навбатии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назардоза Шариф Раҳмон, бо ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур баргузор гардид.
  Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур бар замми толори асосӣ, ҳамзамон ду толори хурди донишгоҳ тариқи алоқаи видео-конфронс пайваст карда шуда, тавассути дастгоҳҳои онлайнӣ наздики 400 нафар донишҷӯён мустақиман ва дар маҷмуъ наздики 900-нафар муҳассилини ин боргоҳи таълимӣ ширкат намуданд.


  Нахуст ректори донишгоҳ Давлатзода Қудрат Қамбар суханронӣ намуда, саҳми кормандони мақомоти қудратӣ, махсусан Раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа арзишманд арзёбӣ намуд.
  Сипас Назарзода Шариф Раҳмон роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт дар доираи Паёми Пешвои муаззами миллат маърузаи пурмуҳтавое ба ҳозирин ироа намуд. Номбурда зимни суханронӣ ҷавонону донишҷӯёнро ба омӯхтани илму дониш, пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ, саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии кишвар даъват намуда, иброз дошт, ки даврони донишҷӯӣ қимматарин айёми умри инсон ба ҳисоб рафта, донишҷӯёнро мебояд ҳар лаҳзаи онро пурсамар истифода баранд. Доим аз пайи таҳсилу хондани китоб ва аз худ намудани илмҳои замона шуда, ин пурқимматтарин айёми зиндагониро беҳуда сипарӣ накунанд. Зеро маҳз донишу маърифат ва ахлоқу одоби ҳамида инсонро воломақому дар ҷамъият пурэҳтиром месозад.


  Воқеан имрӯз ҷавонони саъодатманди миллати тоҷик дар фазои сулҳу осоиштаҳолӣ зиндагонӣ намуда, ҷиҳати ба илм фаро гирифтани онҳо тамоми шароитҳои лозима таъмин карда шудааст. Дар ин радиф ҷавононро мебояд аз ин ҳама имконият ва шароитҳои фароҳамгашта самаранок итифода баранд.
  Дар қисмати дигари мулоқти мазкур аз ҷониби сардори мақомоти корҳои дохилии пойтахт як қатор донишҷӯёне, ки ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ мекунанд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin