• Home »
  • Баромадҳо »
  • Варзишгарон парчамбардорони миллатанд: Мулоқоти навбатӣ бо донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ
Варзишгарон парчамбардорони миллатанд: Мулоқоти навбатӣ бо донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ

Варзишгарон парчамбардорони миллатанд: Мулоқоти навбатӣ бо донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ

  Вохуриву мулоқот ва суҳбати озоду ошкорои сардори раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимми Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймӯъмин Раҳимов баргузор гардид.


  Сафаров Шодӣ Асомуродович ректори Донишкадаи мазкур зимни ифтитоҳи мулоқоти мазкур иброз дошт, ки хатмкунандагону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар ҳама самтҳои мақомоти давлатӣ махсусан мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намуда, дар ҳифзи тартиботу пешгирии амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ саҳм мегузоранд. Донишҷӯёни ин боргоҳи таълимӣ, чун ҷаҳонпаҳлавон Саймӯъмин Раҳимов бо фаъолияти шабонарӯзӣ, машқу тамрин ва ширкат дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ обрӯ ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи олам баланд мебардоранд.


  Сардори мақомоти милитсияи пойтахт генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни суханронии худ таъкид намуд, ки воқеан донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, ки пайваста ба варзишу тамрин машғуланд эҳсоси ватандориву меҳанпарастӣ, ғурури милливу ҷасурӣ дар онҳо бештар эҳсос гашта, варзишгарон ягона нафаронеанд, ки бо иштирокашон дар мусобиқаҳо суруди миллӣ садо дода, парчами давлатӣ парафшон мегардад. Саҳми донишҷӯёну варзишгарони ин боргоҳи таълимии бонуфузи кишвар дар бунёди ҷомеаи ҷисману рӯҳан солим басо арзишманд арзёбӣ гардида, бо рафтору гуфтор ва одобу ахлоқи худ намунаи ибрати дигаронанд.


  Зимни шарҳу тавзеҳи Паёми пешвои муаззами миллат сардори мақомоти корҳои дохилии пойтахт иброз дошт, ки ҳукумати кишвар махсусан роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷиҳати ба варзиш машғул гаштани ҷавонон ва бунёди ҷомеаи солим аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Ин аст, ки тули солҳои охир дар тамоми манотиқи кишвар махсусан шаҳри Душанбе бунёди майдонча ва толорҳои варзишӣ вусъат пайдо намудааст, ки бешубҳа ин иқдом метавонад ҷавононро аз амалу кирдорҳои номатлуб боздорад ва онҳоро ба тарзи ҳаёти солим раҳнамоӣ намояд.


  Донишҷӯён низ дар рафти мулоқот фаъолона ширкат ва суханронӣ намуда, пешниҳодҳои муфид ироа сохтанд.
Дар поёни вохурӣ як қатор донишҷӯёни фаъоли Донишкадаи мазкур, ки дар чорабинӣ ва корҳои чамъиятӣ фаъолона ширкат намуда, ҷиҳати таъмини тартибот бо мақомоти милитсия дар иртиботанд бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin