• Home »
  • Баромадҳо »
  • Аз дарси сиёсати муваффақ то мактаби давлатдории Пешвои миллат: Мулоқот дар Академияи идоракунии давлатӣ
Аз дарси сиёсати муваффақ то мактаби давлатдории Пешвои миллат: Мулоқот дар Академияи идоракунии давлатӣ

Аз дарси сиёсати муваффақ то мактаби давлатдории Пешвои миллат: Мулоқот дар Академияи идоракунии давлатӣ

  Дар доираи нақша-чорабиниҳои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимми Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилавохуриҳои сардори Раёсат генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баргузор гардида истодаанд. Аз ҷумла мулоқоти навбатӣ бо донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ баргузор гардид, ки дар он наздики 800-нафар ҳайати устодону донишҷӯён ширкат намуданд.


  Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ректори Академияи мазкур зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки муҳассилини ин боргоҳи таълимии кишвар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаву оқилона ва омӯзишу идомаи мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста саъю талош намуда, бо донишу малакаи худ дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.


  Сипас роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни мулоқот ва суҳбати озоду ошкоро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси ватандории ҷавонон, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб махсусан гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, маърифати дурусти истифодабарии интернет, огоҳӣ пайдо намудан аз равандҳои хатарзои ҷаҳони муосир, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ ва дигар мавзӯҳои мубрами ҳалталаби ҷомеа бо овардани факту рақамҳои мушаххас андешаронӣ намуд.


  Тибқи иттилои номбурда дар натиҷаи амалинамоии як қатор барнома ва стратегиҳои давлатӣ дар самти сиёсати ҷавонон сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ миёни ин қишри ояндасози миллату давлат дар ҳудуди пойтахт коҳиш ёфта, ҷавонони саодатманди даврони Истиқлол ба омӯзишу таълим бештар рӯ овардаанд. Ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бевосита бо ташабуси Пешвои муаззами миллат ташкил шудааст, ба як иди умумимиллии китобу китобхонӣ табдил ёфта, меҳри китобхонӣ ва илму донишро дар дили ҳазорон нафар зинда гардонидааст.


  – Ҷавонони соҳибилму заковатманди даврони истиқлол чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат саф ба сафу ҷон ба каф баҳри пешравию шукуфоӣ ва сулҳу амонии Ватани азизамон Тоҷикистон бо нерӯи созанда ва иродаи қавӣ пайваста талош меварзанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки донишҷӯён бо завқу шавқи беандоза ва меҳру самимияти бепоён баҳри ҳифзи ин марзу буми аҷдодӣ талош варзида, бо ахлоқу дониш ва ақлу заковати худ дар арсаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро муаррифигар хоҳанд гашт, иброз дошт Шариф Назарзода.


  Номбурда зимни шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Президенти кишвар яке аз нуктаҳои муҳимми суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос оварда таъкид намуд: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.


  Дар мулоқот таъкид гардид, ки барои насли ояндаи миллати худ боқӣ гузоштани як мулки ободу зебо ва тинҷу ором ҳар як нафар бояд бо дарки баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ саъй намояд. Зеро маҳз насли бо илму дониш ва заковатманд дар устуворгардонии пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва ободу зебогардонии ватан метавонад саҳмгузор бошанд.


  Устодону донишҷӯён низ дар рафти мулоқоти мазкур фаъолона ширкат намуда, саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

  Дар поёни вохурии мазкур аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии пойтахт як қатор донишҷӯёне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб худро бетараф нагирифта саҳм мегузоранд ва бо мақомоти милитсия дар иртиботанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin