• Home »
  • Баромадҳо »
  • Шарҳи Паём: Мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Шарҳи Паём:  Мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Шарҳи Паём: Мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

  Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш санаи 26-уми январи соли ҷорӣ ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод гардид, ҷиҳати шарҳу тавзеҳ ва баррасии нуктаҳои муҳимми он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мақомоти милитсияи пойтахт вохурии судманд бо донишҷӯён ва устодону маъмурияти донишкадаву донишгоҳҳои олии ҳудуди пойтахт роҳандозӣ гардида истодааст. Чунин вохуриву мулоқотҳои судманд имкон медиҳад, ки донишҷӯён ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа оиди вазъияти сиёсӣ бохабар гардида, баҳри бартараф кардани ангезаҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ва унсурҳои ҷинояткор чораҳои саривақтӣ андешанд.
  Чунин мулоқоти озоду ошкоро бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо иштироки донишҷӯёну устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид.


  Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ нуктаҳои муҳимми Паёми имсолаи Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ дода иброз намуд, ки гарчанде имрӯзҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба бемории КОВИД-19 дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз байн рафтааст, вале шаҳрвандонро мебояд ҷиҳати пешгирӣ аз оқибатҳои харобиовари он қоидаҳои беҳдоштиро ҳамаҷониба риоя намоянд. Гуфта шуд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ пеш аз ҳама барои солим нигоҳ доштани худ ва аз хавфи сироятёбӣ раҳонидани атрофиён мусоидат менамояд.


  Сипас сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни суханрониаш аз саҳми арзандаи омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳарф зада, мавқеи ин муассисаи олӣ ва бонуфузи кишварро дар омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат ва кадрҳои соҳибтахассуси соҳаҳои идоракунии давлатӣ, ҳуқуқшиносӣ, дипломатия, иқтисодиёт, рузноманигорӣ, забономузӣ, педагогӣ ва даҳҳо дигар соҳаҳои иҷтимоии ҷомеаи имрӯза назаррас арзёбӣ намуд.


  Чуноне дар рафти мулоқти мазкур Шариф Назарзода иброз дошт, маҳз натиҷаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакатамон сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, иҷроиши барномаҳои давлатии рушди дастгирии ҷавонон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати кишвар қарор доранд. 


  Дар идомаи мулоқот раванди баргузории амалиёти профилактикӣ ва маърифатии “Одоби шаҳрнишинӣ”, ки дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузаронида шуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати шаҳрнишиниву шаҳрдорӣ ва ободу зебо гардонидани муҳити атроф корҳои назррасе анҷом дода шудааст, баррасӣ карда шуд. Чуноне иброз гардид ҳифзи арзишҳои миллии фархангӣ, ваҳдату суботи ҷомеа аз донишу маърифат ва маданияту малакаи ҳар як сокини пойтахт вобастагии калон дорад. 
  Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур аз ҷониби сардори мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе як қатор донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ ва робитаи зич дошта, дар пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ саҳмгузоранд, бо Сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.


  Дар навбати худ донишҷӯён низ суханронӣ намуда, оиди беҳтар ва баланд бардоштани маърифати шаҳрдории сокинон, пешгирии ҷинояткорӣ ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳо як қатор пешниҳодҳоро иброз намуданд.
  Дар анҷоми мулоқот зикр гардид, ки танҳо ба шарофати иродаи қавӣ, хушёриву зиракӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ва меҳру мухаббати бепоён ба обу хоки диёри маҳбубамон мо метавонем ҳамчун як нерӯи тавоно тамоми мушкилоти чомеаи имрӯзаро бартараф, тартиботи ҷамъиятӣ, зиндагии орому осуда, бехатарии худ ва аҳли пайвандонамонро таъмин намоем.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin