• Home »
  • ХАБАР »
  • 13 ҳолати дуздӣ (навор): Боздошти ҷинояткоре, ки шабона оинаи автомашинаҳоро мешикаст
13 ҳолати дуздӣ (навор): Боздошти ҷинояткоре, ки шабона оинаи автомашинаҳоро мешикаст

13 ҳолати дуздӣ (навор): Боздошти ҷинояткоре, ки шабона оинаи автомашинаҳоро мешикаст

  Бо шикастани оинаи автомашина мавриди дуздӣ қарор гирифтани воситаҳои нақлиёт вақтҳои охир бештар ба назар расида, боиси ба вуҷуд омадани ташвиш ва вокунишҳои манфии шаҳрвандону соҳибони воситаҳои нақлиёт ва муроҷиати онҳо ба милитсия гардидааст.

 Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар асоси ариза ва муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки автомашинаҳои онҳо шаби Соли нави мелодӣ мавриди дуздӣ қарор гирифта буд, як қатор чарабиниҳои дахлдори операвиро роҳандозӣ намуда, ахиран як нафарро ҳамчун гумонбар барои содир намудани силсилаҷиноятҳои дуздӣ дастгир намуданд.
  Дастгиршуда Меҳроби Дилшод соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи деҳаи Корези шаҳри Кӯлоб, ки қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шудааст, боз такроран дар ҳолати ретсидивӣ даст ба содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ задааст.


  Чуноне пешбурди корҳои тафтишотӣ ва пурсиши гумонбар муайян намуд, номбурда асосан шабона бо роҳи шикастани шишаҳои паҳлуии автомашинаҳо ҳадафу мақсадҳои нопоки худро амалӣ намуда, маблағҳои пулӣ ва дигар ашёҳои арзишмандро аз дохили автомашинаҳо тасарруф ва аз они худ мекардааст.


  Аз ҷумла, шаби 31 декабр ба 1 январи соли ҷорӣ дар кӯчаи Зарнисори ноҳияи Фирдавсӣ ба воситаи санг шишаи паҳлуи 8-автомашинаро шикаста, ба соҳибони автомашинаҳо зарари калони молӣ расонидааст.
  Чунончи, ба воситаи санг шишаи паҳлуи автомашинаи тамғаи «Мазда», ки ба шаҳрванд Давлатова Назира тааллуқ дорад, шикаста, аз дохилаш як қатор ашёҳои арзишмандро рабудааст, ки бо ин кирдораш ба ҷабрдида ба маблағи зиёда аз 5500 сомонӣ зарар расонидааст. Ба ин монанд зимни пешбурди чораҳои тафтишотӣ якчанд далелҳои дигар низ тасдиқи худро ёфтаанд, ки аз ҷониби дастгиршуда содир гардидаанд.


  Айни замон Меҳроби Дилшод дар содир намудани зиёда аз 13-ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, нисбаташ бо моддаи 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin