Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 57-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 17-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 18:00, дар ноҳияи Шоҳмансур марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомобили тамғаи “Мерседес-бенс”-ро ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 14-рӯз маблағашро бармегардонад, аммо автомашинаи мазкурро ба нафари дигар ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ фурӯхта маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол онро барнагардонидааст.
  Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 61-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, моҳи июни соли 2019 бо маслиҳати пешакӣ бо зани 46-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба боварии зани 48-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 60 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда медиҳанд, ки ба ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус-570», ки арзишаш 75 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад оварда медиҳад, аммо номбурдагон бо мақсади фоидаи муфт ба даст овардан, маблағҳои ба даст овардаашонро ба манфиати шахсиашон сарф намуда, то ҳол маблағи гирифтаашонро барнагардонидаанд.
  Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin