• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти фолбин: Ба таври сунъӣ «сеҳру ҷоду» мекарду худ «сеҳру ҷоду»-ашро мебаровард(навор)
Боздошти фолбин: Ба таври сунъӣ «сеҳру ҷоду» мекарду худ «сеҳру ҷоду»-ашро мебаровард(навор)

Боздошти фолбин: Ба таври сунъӣ «сеҳру ҷоду» мекарду худ «сеҳру ҷоду»-ашро мебаровард(навор)

   Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ яке аз амалҳои нописандидатарин ба шумор рафта, он нафаре ки ба ин амал даст мезанад дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт. Вале, таассуфовар он аст, ки новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ боз шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба чунин афрод бовар намуда, аз ҷодугарону фолбинҳо дармони дард меҷӯянд ва беҳуда маблағҳои ҳангуфтро аз даст медиҳанд.
  Вобаста ба ошкору муайян намудани чунин ҳолатҳои мардумфиребона кормандони милитсияи пойтахт пайваста чорабиниҳои оперативию санҷишӣ доир намуда, пеши роҳи фаъолияти ғайриқонунии онҳоро гирифта истодаанд. Чунончӣ, дар доираи баргузории як қатор чорабиниҳои оперативӣ ҳангоми машғул шудани шаҳрванд Бобомуродов Ҷаҳонгир Бахтиёрович дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир карда шуда, муайян гардид, ки номбурда сокини 26 солаи ноҳияи Варзоб мебошад.

  Тавре зимни чорабиниҳои санҷишӣ муайян гардид, дастгиршуда Бобомуродов Ҷаҳонгир худро ҳамчун фолбину ҷодубарор муаррифӣ намуда, бо ҳазорон макру ҳила ашёи барои сеҳру ҷоду истифодашавндаро худ омода ва дар қабристону манзили истиқоматии ҷабрдидагон пинҳон мекардааст. Баъдан муроҷиаткунандаро бовар мекунонидааст, ки ӯро сеҳру ҷоду кардаанд ва барои боварӣ ашёи қаблан пинҳон намудаи худашро бароварда, гӯиё сеҳру ҷодуро тоза мекардааст. Ба ин васила шаҳрвандон ба номбурда ҳамчун нафари сеҳргару ҷинбарор эътиқод намуда, ба ӯ маблағҳои пулӣ ва чорвои худро туҳфа мекардаанд.


  Чуноне маълум гардид дар асл номбурда танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ барои ба даст овардани маблағҳои пулӣ даст ба ин кирдори мардумфиребона мезадааст.
  Бори дигар таъкид намудан ба маврид аст, ки имрӯз илму донишҳои тиб дар сатҳи зарурӣ тараққӣ ва ташаккул ёфтааст. Шаҳрвандонро мебояд аз чунин афроди ҷодугару фолбин дӯрӣ ҷуста, ба амалу рафтори онҳо бовар накунанд!!!


  Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати дастгиршуда Бобомуродов Ҷаҳонгир барои амалҳои мардумфиребонааш тибқи талаботи моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот ҷараён дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin