• Home »
  • Баромадҳо »
  • Мулоқот дар Донишгоҳи молия ва иқтисод: Амалишавии стратегияҳои давлатӣ ба коҳишёбии ҷиноят миёни ҷавонони пойтахт мусоидат намуд!
Мулоқот дар Донишгоҳи молия ва иқтисод: Амалишавии стратегияҳои давлатӣ ба коҳишёбии ҷиноят миёни ҷавонони пойтахт мусоидат намуд!

Мулоқот дар Донишгоҳи молия ва иқтисод: Амалишавии стратегияҳои давлатӣ ба коҳишёбии ҷиноят миёни ҷавонони пойтахт мусоидат намуд!

  Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳӣ пайдо намудан аз сатҳи ҷинояткорӣ ва дар ин замина бедор намудани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ мақомоти милитсияи пойтахт тасмим гирифтааст, силсилавохӯриҳоро бо донишҷӯёни макотиби олии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор намояд.
  Бояд гуфт, ки дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин маротиба мулоқоти самимӣ ва суҳбати озоду ошкорои сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раёсати донишгоҳ ва донишҷӯёну ҳайати устодон ширкат намуданд.


  Шукрулло Хайрзода ректори донишгоҳи мазкур зимни сухани ифтитоҳӣ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо маъмурияти ин муаасисаи олӣ ҳарф зада, зимнан аз иқдомҳои мақомоти милитсияи пойтахт, махсусан фавран баррасӣ гардидани муроҷиатҳои шаҳрвандон тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ, ки ин боиси баланд гардидани обрӯ ва нуфузи милитсия дар ҷомеа ва зиёд гардидани эътимоди шаҳрвандон ба милитсия гаштааст, изҳори таҳсин намуд. Ба таъкиди номбурда маҳз ба роҳ мондани фаъолияти шаффоф ва баррасии ҳамаҷонибаю фаврии арзу шикоятҳои шаҳрвандон аз ҷониби милитсияи пойтахт боиси пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб махсусан ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин гардидааст.


  Дар идомаи мулоқоти мазкур сардори мақомоти милитсияи пойтахт, генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ҷиҳати коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва ба ин васила бедор намудани ҳисси ватандӯстиву арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ маърӯзаи пурмуҳтавое ба ҳозирин ироа намуда, таъкид дошт, ки амалинамоии як қатор барномаву стратегияҳои давлатӣ ба коҳишёбии ҷиноят миёни ҷавонони пойтахт муосидат намуд. Чуноне номбурда дар идома таъкид дошт, саҳм гузоштан дар ободиву созандагӣ, пешрафту шукуфоӣ ва дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намудани кишвари азизамон-Тоҷикистон аз ҳар як донишҷӯ вобастагии калон дорад.


  Чуноне зимни суханронии худ Шариф Назарзода таъкид намуд, ҳеҷ як нафари бегонае баҳри ободии кишвару осоиштагии мардуми барӯманди мо заҳмат нахоҳад кашид. Маҳз ҷонфидоиҳои бемислу монанди фарзонафарзандони миллати тоҷик аст, ки имрӯз мо дар чунин кишвари ободу зебо ва мамлакати даҳгонаи амнтарини ҷаҳон зиндагонӣ дорем. Ҳамаи ин пешравию дастовардҳо ҳар яки моро водор месозад, ки ҳамчун гавҳараки чашм ин сулҳу осоиштагиро нигоҳ дошта, ба фарзандони ояндаи худ як мулки амн ва ободу зебо ба мерос гузорем.

 


  Бо назардошти вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир сардори мақомоти милитсияи пойтахт аз ҳозирин, махсусан донишҷӯён даъват ба амал овард, то худро бетараф нагирифта, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои халалдоркунандаи тартиботу осоиштаҳолии ҷамъиятӣ бо мақомоти милитсия ҳамкориро зич ба роҳ монанд. Маҳз дар ҳамбастагӣ бо тамоми институтҳои шаҳрвандӣ метавон волоияти қонун ва назму тартиботро дар ҷомеа таъмин кард.

  Дар қисмати дигари мулоқот як қатор донишҷӯёни донишгоҳи мазкур суханронӣ намуда, баҳри пешгирии кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок таклифу пешниҳодҳои муфиде намуданд.
  Дар поёнии чорабинии мазкур аз ҷониби сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як қатор устодону донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳм гузошта, ҷиҳати ошкору пешгирии ҷинояткорӣ бо мақомоти милитсияи пойтахт ҳамкорӣ доранд, бо Сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin