• Home »
  • Баромадҳо »
  • Мулоқот бо омӯзгорони оянда дар ҳошияи Паём: Шукуфоии кишвар аз ҷавонони соҳибхирад вобастагӣ дорад!
Мулоқот бо омӯзгорони оянда дар ҳошияи Паём: Шукуфоии кишвар аз ҷавонони соҳибхирад вобастагӣ дорад!

Мулоқот бо омӯзгорони оянда дар ҳошияи Паём: Шукуфоии кишвар аз ҷавонони соҳибхирад вобастагӣ дорад!

  Ҷавонон такягоҳу фардои дурахшони давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни суханрониҳояшон ба нерӯи созанда ва бунёдкоронаи ҷавонон такя намуда, ҷавононро ояндаи давлату миллат унвон кардаанд. Ин нуктаҳоро сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни мулоқот бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иброз дошт.


  Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар идомаи силсилавохуриҳои роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии сардори мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар толори Филармонияи давлатии Тоҷкистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид.
  Дар мулоқоти мазкур ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода ва наздики 1000-нафар донишҷӯёну ҳайати омӯзгорони ин боргоҳи таълимӣ ширкат намуданд.


  Зимни сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон аз саҳми мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ибрози андеша намуда, ба фаъолияти шабонарӯзиву хастанопазири кормандони милитсия изҳори сипос намуд. Чуноне номбурда таъкид дошт воқеан ҷавонон, ки идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсоланд, бояд танҳо ба омӯзишу таҳсил ва тарзи ҳаёти солим рӯ оварда, боиси ифтихормандии давлату миллат ва волидайни худ бошанд.


  Зимнан сардори мақомоти милитсияи пойтахт Назарзода Шариф Раҳмон дар доираи шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо овардани факту рақамҳои мушаххас ва намоиши слайд-тасвирҳо маърӯзаи пурмуҳтавое ироа намуд. Номбурда ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ҳарф зада, онҳоро ба арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, пос доштану ҳифз кардани марзу буми аҷдодӣ ва бо амалу рафтори намунавӣ саҳм гузоштан дар пешрафту тараққиёти мамлакат даъват намуда, иброз дошт, ки танҳо насли бо илму дониш метавонад ояндаи дурахшони худ ва давлату миллатро бунёд созанд. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти ба илму дониш фаро гирифтани ҷавонон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамоянд.

  Тавре мушоҳида гардид вохурии мазкур воқеан дар фазои озоду ошкоро баргузор гардида, донишҷӯёни зиёде низ фикру андешаронӣ ва пешниҳоду таклифҳои ҷолибе карданд. Аз баромаду суханрониҳои ҷавонон маълум гардид, ки дар воқеъ имрӯз ҷавонони кишвар аз сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат ба хубӣ огоҳ буда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он саъйу талош меварзанд. Махсусан озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ибтикори бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ доир гардида, ба як иди китобхонии умумимиллӣ табдил ёфтааст, ҷавононро ниҳоят рӯҳбаланд ва завқи китобхониву донишомӯзияшонро зиёд кардааст.


  Донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ки устодону раҳнамоёни оянда ба шумор мераванд, зимни мулоқоти мазкур аз фазои сулҳу ободӣ ва тараққиёту пешравии кишвар бо ифтихормандӣ ҳарф зада, иброз доштанд, ки чун пайравони асили Пешвои миллат барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дар иҷрои қарзи фарзандӣ, омӯзиши илму дониш ва саҳм гузоштан дар пешравию шукуфоии ҷомеа саҳми худро мегузоранд.
  Дар қисмати дигари мулоқот аз ҷониби сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як қатор донишҷӯёни фаъол, ки ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ мекунанд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

 

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin