• Home »
  • Баромадҳо »
  • Мулоқоти судманд бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ дар ҳошияи Паём
Мулоқоти судманд бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ дар ҳошияи Паём

Мулоқоти судманд бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ дар ҳошияи Паём

  Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе суҳбату мулоқотҳои судманд ва вохурии озоду ошкоро бо донишҷӯён, устодону маъмурияти донишкадаву донишгоҳҳои олии ҳудуди пойтахт баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла чунин вохуриву мулоқоти судманд дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур доир гардид.


  Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, ректори донишгоҳ профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ва наздики 600 нафар донишҷӯёну устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ширкат намуданд.
  Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни суханронӣ нахуст ҳозиринро ба муносибати ҷашни рӯзи Артиши миллӣ ва 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

  Воқеан заҳмату талошҳои шабонарӯзии мардони шуҷоъу далери меҳан аст, ки имрӯз фазои сулҳу осоиштагӣ ва тинҷию амонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танинандоз буда, сол то сол Ватани азизамон-Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида истодааст-иброз дошт зимни суханронӣ сардори макомоти милитсияи пойтахт.


  Тавре дар мулоқот таъкид гардид, имрӯзҳо бо талошу заҳматҳои хирадмандонаву пайгиронаи роҳбарияти олии кишвар ва сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст. Вобаста ба ин ҷиҳати баланд бардорштани савияи донишу маърифатнокии ҷавонон ва соҳибкасбу тахассус гаштани онҳо як қатор барномаҳои мушаххас дар самти дастгирии ҷавонон қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст, ки он метавонад баҳри дастгирии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварад. Аз ин лиҳоз ҷавононро низ мебояд қарзи шаҳрвандии худро, ки маҳз таҳсили илму дониш ва саҳм гузоштан дар пешравии ҷомеа мебошад иҷро намуда, бо амалу рафтори намунавии худ шоистаи таҳсин ва ифтихори волидайну тамоми миллати тоҷик гарданд.


  Дар идомаи мулоқот роҳбари мақомоти милитсия пойтахт ҷиҳати баланд бардоштани маърифати шаҳрнишиниву шаҳрдорӣ ва ободу зебо гардонидани муҳити атроф, саҳм гузоштан дар пешгириву ошкорнамоии амалу кирдорҳои номатлуб ва ба роҳ мондани ҳамкории зич бо мақомоти милитсия ибрози андеша намуда, аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, то худро бетараф нагирифта ҷиҳати муборизаи беамон бо унсурҳои халалдоркунандаи тартибот бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намоянд. Чуноне иброз гардид ҳифзи арзишҳои миллии фарҳангӣ, ваҳдату суботи ҷомеа аз донишу маърифат ва маданияту малакаи ҳар як сокини пойтахт вобастагии калон дорад.


  Шариф Назарзода бо изҳори таассуф аз пайравии ҷавонон ба рафтору гуфтори ғайритоҷикона ва даҳҳо падидахои номатлуби дур аз фарҳанги миллӣ сухан карда, таъкид намуд ки баҳри пешгирии чунин омили номатлуб ҳар як нафар бояд саҳмгузор бошанд.

  Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур байни иштирокдорон ва роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт мубодилаи афкор ва пешниҳодҳои муфид ҷиҳати мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ сурат гирифт.
  Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби сардори мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе зиёда аз 10-нафар донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ки бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ ва робитаи зич дошта, дар пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ саҳмгузоранд, бо Сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin