Корманди милитсия духтарро аз ғарқшавӣ наҷот дод

5-уми феврали соли 2021, тахминан соати 15:10-дақиқа, шаҳрванд М.М.А., соли таваллудаш 2000, донишҷӯи Донишкадаи санъати Тоҷикистон, бинобар сабабҳои оилавӣ, худро аз болои пули дарёи Душанбе, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ ба об мепартояд.
Ин ҳолатро муфаттиши шуъбачаи тафтишотии ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе лейтенанти калони милитсия Амиршоев Саймаҳмуд Саймуҳаммадович дида, ҷони худро дар хатар гузошта дарҳол худро ба об партофта, ба наҷоти ӯ шитобида, ӯро аз ғарқшавӣ наҷот медиҳад.
М.М.А. бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ гардида, ҳолатӣ саломатиаш миёна арзёбӣ мегардад.
Лейтенанти калони милитсия Амиршоев С.С. бинобар сардии об зарари миёнаи ҷисмонӣ бардошта, дар госпитали Вазорати корҳои дохилӣ дар муолиҷа қарор дорад.
Вобаста ба ҳолати мазкур санҷиш идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin