• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошт: Гумонбар ронандаи таксиро бо 42 зарби корд ба ҳалокат расонид
Боздошт: Гумонбар ронандаи таксиро бо 42 зарби корд ба ҳалокат расонид

Боздошт: Гумонбар ронандаи таксиро бо 42 зарби корд ба ҳалокат расонид

  Санаи 15-уми феврали соли 2021, тахминан соати 20:00 дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ҷасади ҷавонписари тахминан 20-25 сола дар дохили автомашинаи мусофиркашони тамғаи «Хундай-Солярис», рақами қайди давлатиаш 8419 ТТ 05 бо аломатҳои марги маҷбурӣ-ҷароҳати ҷисмонӣ дар қисмати гардан, қафаси сина ва дигар узвҳои ҳаётан муҳим бо 42 зарби корд дарёфт гардид. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҷасади ҷавони дар хун оғушта шаҳрванд Эраҷи Эмомалӣ санаи таваллудаш 08.08.1990, сокини ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.


  Ҷиҳати муайян ва дастгир намудани нафари гумонбаршаванда аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва криминалистӣ гузаронида шуда, дар давоми 24-соат ошкорсозии ин ҷинояти мудҳиш таъмин карда шуд.
  Муайян гардид, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Муҳиддинов Саймумин Саймуддинович санаи таваллудаш 20.08.2000, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун содир намудааст. Дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ номбурда аз зодгоҳаш ноҳияи Ҷайҳун дастгир ва ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.


    Айни замон нисбати гумонбаршаванда Муҳиддинов Саймумин тибқи талаботи моддаи 104 (одамкушӣ) Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin