Боздошти ронандаи фирорӣ

Боздошти ронандаи фирорӣ

  Санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ тахминан соати 22:00 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 1441 РР 01, ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи Гипрозем аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, як нафар ҷавонпсари 19-солаи пойтахтро зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
  Дар натиҷаи пешбурди корҳои санҷишӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Юнусов Билолиддин Зубайдуллоевич санаи таваллудаш 13. 01. 2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Борбад мебошад, ки аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
  Зимни пурсиш номбурда аз кирдори содир намудаи худ изҳори пушаймонӣ намуда,иброз дошт, ки дар ҳиқиқат санаи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардро пахш ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
 Ҳоло ҷавонписари ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошад.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда Юнусов Билолиддин маводҳои лозима тартиб дода шуда, таҳқиқ ҷараён дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin