• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Боздошти ронандаи фирорӣ баъд аз муроҷиати хабарнигор дар нишасти матбуотии Вазири корҳои дохилӣ
Боздошти ронандаи фирорӣ баъд аз муроҷиати хабарнигор дар нишасти матбуотии Вазири корҳои дохилӣ

Боздошти ронандаи фирорӣ баъд аз муроҷиати хабарнигор дар нишасти матбуотии Вазири корҳои дохилӣ

  Ахмедов Абдумудассир хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистон» санаи 19-уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро муроҷиат намуд, ки нисбати як нафар ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», чораҳои қонунӣ андешида шавад. Тибқи иттилои муроҷиаткунанда санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи С. Шерозӣ назди Комбинати бофандагии шаҳри Душанбе ронандаи мазкур аз қафо ба автомашинаи муроҷиаткунанда бархурда ба автомашинаи ӯ зарари техникӣ расонидааст. Ҳамзамон номбурда ба хотири аз ҷавобгарӣ пинҳон шудан аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
  Вобаста ба ин, бо супориши бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати баррасии муроҷиати мазкур ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани ронандаи фирорӣ Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вобаста гардид. Дар натиҷа аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ гузаронида шуда, шахсияти ронандаи фирорӣ муайян ва бо автомашинааш ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд. Муайян гардид, ки ронандаи фирории автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 6522 ЕМ 01 шаҳрванд Хушвахтзода Мадат Хушвахт санаи таваллудаш 10. 01. 1983, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат деҳаи Шаҳристон мебошад.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати номбурда бо моддаи 333 қисми 1 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба Суд ирсол карда шуд. Ҳамзамон зарари техникии ба автомашинаи муроҷитакунанда Ахмедов Абдумудассир хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистон» расонида шуда ба таври пуррагӣ барқарор карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin