• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Амалиёти «Эстакада» (навор): Ошкорсозии ҳолатҳои зиёди убури ғайриқонунии роҳ аз ҷониби пиёдагардон
Амалиёти «Эстакада» (навор): Ошкорсозии ҳолатҳои зиёди убури ғайриқонунии роҳ аз ҷониби пиёдагардон

Амалиёти «Эстакада» (навор): Ошкорсозии ҳолатҳои зиёди убури ғайриқонунии роҳ аз ҷониби пиёдагардон

  Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ва гузаронидани рейду амалиётҳои санҷишию профилактикӣ ҳамоно ронандагону шаҳрванди зиёде ҳастанд, ки зимни истифодабарӣ ва ҳаракат дар ҳудуди роҳҳои сесатҳа-эстакадаҳои кӯчаҳои И.Сомонӣ – А.Сино ва Н.Махсум – Б.Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бар хилофи талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда, даст ба Қоидавайронкунӣ мезананд.
  Чуноне дар рафти амалиёти навбатии кормандони БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе маълум гардид ҳамоно шаҳрвандону бархе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятию хусусӣ дидаю дониста талаботи мазкурро сарфи назар намуда, дар ҷойи номуқараргардидаи эстакадаҳо ба фаровардану савор намудани мусофирон машғул мешаванд.
  Бо истифода аз ин баъзе аз шаҳрвандон махсусан сокинони биноҳои атрофи эстакадаҳо ва донишҷӯён аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ истифода накарда, ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд оварда, ҳамзамон ҷойҳои сабзкоришуда ва гулу буттаҳои ороиширо поймон намуда роҳро убур мекунанд, ки ин амали онҳо дар бештари маврид боиси сар задании садамаҳои марговари нақлиётӣ гардидааст.

Тафсилоти амалиёти мазкурро дар навори зерин тамошо намоед.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin